Мақомоти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) агарчанд таъйид мекунанд, ки Маҳмадраҷаб Ризоев, қаҳрамони навори навбатии ғайриахлоқӣ узви ин ҳизб аст, аммо мегӯянд, саҳнаҳои ин навор сохта буда ва ҳадафи он бадномсозии ҲНИТ мебошад.
Гӯяндаи ин филм, ки рӯи шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, иддао мекунад, ки навори мазкурро гурӯҳи хоси таъсиснамудаи раёсати ҲНИТ барои фош намудани корҳои ғайриахлоқии аъзои ҳизб бардоштааст. Ва ин гурӯҳ таҳти раҳбарии муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит амал мекунад.
Аммо Муҳаммадалӣ Ҳаит таъсис ва амали чунин гурӯҳеро дар дохили ҲНИТ рад мекунад. Ӯ чунин амалеро идомаи фишор ба ҲНИТ ва ҳадаф аз онро фалаҷ сохтани мошини ин ҳизб дар пешорӯи интихобот унвон мекунад. Оқои Ҳаит агарчанд мегӯяд, ин талошҳо ба ҳадаф нахоҳанд расид, аммо ҳамзамон эътироф мекунад, ки таблиғоти зидди ҳизб то ҷое кори фаъолони ҲНИТ дар пешбурди барномаҳояшон, хоса омодагӣ ба интихоботро мушкил намудааст. Яъне ин таблиғот то ҷое ба ҳадаф наздик шудааст.
Оқои Ҳаит мегӯяд: «То андозае мушкил аст. Зеро фишорҳо таъсири худро расондааст. Вале кори мо идома дорад. Мо барои интихобот омодагӣ мегирем. Бахшҳо ва шӯъбаҳоямон ба кор идома медиҳанд. Онҳо, ки мехоҳанд ҳизби наҳзатро фалаҷ кунанд, ба мақсад нахоҳанд расид.»
Мақомоти ҲНИТ даъво доранд, ки фишор болои ин ҳизб ва талоши маҳдуд намудани фаъолиятҳои он ба думболи баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 ҳаргиз кам нашуда, балки бо таваҷҷуҳ ба наздик шудани интихоботи навбатии порлумонӣ афзун шудааст. Мақомоти ҲНИТ ин амалҳоро созмонёфта ва кори дасти ниҳодҳои расмӣ медонанд.
Дар воқеъ, дар ду соли пеш мусоҳибае бо Бозор Собир дар нашр шуда буд, ки зимни он шоири тоҷик аз мақомот даъват карда буд, фаъолияти ҲНИТ-ро мамнӯъ кунад. Ин мусоҳиба, ки дар нашрияҳои расмии минтақавӣ низ бознашр шуд, сару садо ва ҳадсу гумонҳоеро ба бор овард. Инчунин баъди нашри як протоколе мавсуф ба 32 20, ки мақомот вуҷуди онро рад намуданд, тақрибан ин гумон ғолиб шуда буд, ки бастани ҲНИТ бо эҳтимоли зиёд дар дастури кор аст.
Мақомоти ҲНИТ дар ҳоле мегӯянд, ҳадафи фишорҳо ҷилавгирӣ аз нуфузи ҳизб ва нигаронии мақомот аз афзоиши эътибори ин ҳизб аст, ки бархе таҳлилгарон бовар доранд, мақомот бештар нигарони истифода шудани ҲНИТ ва ё гурӯҳҳое аз таркиби ин ҳизб аз сӯи нерӯҳои хориҷиянд.
Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амнияти минтақаӣ ба ин бовар аст, ки ҳеҷ ниҳоде чунин барнома надорад, ки ҲНИТ-ро мамнӯъ кунад. Ба бовари ӯ, чизе ки мақомотро нигарон мекунад, он аст, ки бархе нерӯҳо дар хориҷи кишвар мехоҳанд аз ҲНИТ дар оянда ҳамчун манбаъ истифода кунанд.
Оқои Ҷалилов мегӯяд, «бархе аз ин аломатҳо мушоҳида мешавад. Нишонаҳое аст, ки бархе қувваҳо мехоҳанд аз ҲНИТ ба мақсади муайян истифода кунанд. Яъне барои мувозинатро хароб намудан дар дохили кишвар. Ва ҷомеаро боз ба ду ё чанд гурӯҳ тақсим кардан. Ана аз ҳамин бояд эҳтиёт кард. Аммо қувваҳои дигаре ҳастанд, ки мехоҳанд рақибони худро паст зананд, камнуфуз кунанд, ин як муборизаи сиёсии табиӣ аст.»
Аз сӯи дигар, ин таҳлилгари тоҷик таъкид мекунад, ба манзури ҳифзи суббот дар бархӯрд ба ҲНИТ ва соири аҳзоб бояд боэҳтиёт буд ва бар асоси қонунҳои ҷорӣ, аз ҷумла Қонуни асосии кишвар амал намуд. Зеро Қонуни асосӣ фаъолияти ин ҳизбро иҷоза додаст.
Аммо натиҷаи ин рӯёрӯиҳо чӣ хоҳад буд? Агар ҳадаф тазъифи ин ташаккули сиёсӣ бошад, танҳо ҳамон ҳосил хоҳад шуд ваё дар поёни кор ин амалкардҳо боздеҳи дигаре ҳам хоҳанд дошт?
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ низ ин равандро як амри табиӣ медонад, вале мегӯяд, «ин таблиғот таъсири худро ба ҲНИТ мегузорад. Як натиҷа ин мешавад, ки касоне ки бо ҳадафи манфиат ва ё карйера ба ин ҳизб омада буданд, мераванд. Касоне мемонанд, ки ақида доранд ва ирода. Натиҷаи дигараш шояд ин мешавад, ки ин ҳизб бештар радикал мешавад, ки он на ба манфиати ҳизб асту на ба манфиати давлат.»
Аммо танҳо чунин нест, ки ин гурӯҳҳои рақиби ҲНИТ бошанд, ки алайҳи он дастбакор шудаанд. Дар чанд вақти гузашта мақомоти ҲНИТ таҳдид намуданд, ки алайҳи рақибони худ, хоса ҳизби ҳоким бо ҳамин шева посух хоҳанд гуфт. Ва чанд ифшогарие ҳам аз амалкардҳои рақибонашон анҷом доданд. Вале ба назар мерасад, ки дар ин шеваи таблиғот ва рӯёрӯиҳо то кунун ҲНИТ дасти болое надорад.