Шаби 14 феврал телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гузориши вижаеро дар бораи ширкати шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия пахш карданд: ки дар он аз ҷумла нафаре бо номи Баҳриддин Мӯъминов, ки ду моҳ пеш бо ҷурми ширкат дар набардҳо алайҳи режими Башор Асад маҳкум ба зиндон шудааст, эътироф мекунад, ки ӯву тамоми аҳли хонааводаашон дар Восеъ узви ҲНИТ буда: хоҳари хурдии ӯ ҳатто ба писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ - асосгузори ин ҳизби мухолиф - издивоҷ кардааст.
Дар матлабе ки рӯзи 15 феврал дар сомонаи расмии ҲНИТ бо номи "ҲНИТ аъзои худро натанҳо барои ҷанг, ҳатто барои таълим ҳам намефиристад" нашр шуд, узви ин ҳизб будани Баҳриддин Мӯъминов тасдиқ шудааст, вале: "Тавре хабарнигори мо иттилоъ дарёфт кард, Баҳриддин ба Сурия барои таҳсили илм рафта, қасди шомил шудан ба гурӯҳҳои ҷиноятиро надоштааст."
ҲНИТ мегӯяд, "ҳеҷ ҳизби сиёсӣ дар тасмими сафари аъзои ҳизб ба кишварҳои ҷаҳон дахолат намекунад ва инро ҳаққи комили ҳар шаҳрванд медонад." Сомонаи ҳизб баъди ду моҳи эълони ҳукми Мӯъминов матраҳ шудани ҳизбияти ӯро аломати ғаразомез будани масъала номидааст: "Чунин ба назар мерасад, ки доираҳои манфиъатхоҳ маводи туҳматомези дигареро алайҳи ҳизб надоштаанд ва бо пахши навори навбатӣ аз тариқи ВАО-и ҳукуматӣ «исбот кардан» мехоҳанд, ки узви воқеъии Наҳзат гӯё дар ҷинояти ошкор, он ҳам муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳокимияти конститутсионӣ дар Сурия ширкат кардааст ва бо ин дар афкори ҷомеъа фазосозии муғризонаи хешро идома доданианд."
Ахиран мақомоти амниятии Хатлон дар бораи ҳалокати ду зодаи шаҳри Кӯлоб ва як зодаи Восеъ дар ҷанги Сурия хабар доданд. Ҳамин тавр, дар моҳи декабр 5 донишҷӯи тоҷики донишгоҳҳои Сурия бо ҷурми ширкат дар набардҳои мусаллаҳона алақҳи раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон гирифтанд.
Бархе манобеъ дар бораи ширкати аз 150 то 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия сӯҳбат мекунанд. Дар Интернет ҳатто қиссаи як тоҷики 9-сола бо номи Аҳмад чарх мезанад, ки гӯё дар Сурия дар лобалои бозиҷояш бо кӯжакони дигар барои "муҷоҳидон"-е ки аз Туркияву Русия ба Сурия барои "ҷиҳод" омадаанд, тарҷумонӣ мекардааст.
Аммо ин барои бори аввал аст, ки дар робита ба ширкати шаҳрвандони тоҷик дар ҷанг алайҳи режими Башор Асад ангушти иттиҳоми мақомоти амниятии Тоҷикистон ба сӯи ҲНИТ баланд мешавад.
ТВҳои давлатӣ дар бораи ширкати аъзои ҲНИТ дар ҷангҳои Сурия
Мақомоти тоҷик дар як гузориши вижаи телевизионӣ Баҳриддин Мӯъминовро, ки аз ҷониби Додгоҳи олӣ барои ширкат дар ҷангҳои Сурия маҳкум ба зиндон шудааст, узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълон карданд.
Дар замони мурофиаи ин парванда ва эълони ҳукм алайҳи Баҳриддин Мӯъминов, ба узвияти ӯ дар ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ишорае намешуд, вале ҳамакнун баъди тақрибан ду моҳи эълони ҳукм, рӯзи гузашта хабаргузории расмии Тоҷикистон -- «Ховар» - ва ҳам дар телевизионҳои давлатӣ дар гузориши вижае аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, вайро марбут ба ин гурӯҳ эълон кард.
Навори пурсуҷӯи Баҳриддин Мӯъминов аз сӯи мақомот дар шабакаи интернет низ чарх мезанад ва дар он Баҳриддин Мӯъминов иқрор мекунад, ки узви ин ҳизби динии кишвар будааст. Дар ҷое аз ин навор, Баҳриддин Мӯъминов мегӯяд, ҳама аъзои оилаи ӯ узви ҲНИТ буда ва ҳатто яке аз хоҳаронаш бо писари зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ин ҳизб, издивоҷ кардааст.
Агарчи дар иттилоияе, ки хабаргузории "Ховар" аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нашр кардааст, аз Ҳизби наҳзати исломӣ мустақиман ном бурда нашудааст, аммо дар наворе, ки дар интернет чарх мезанад, муҷрии он аз ин ҳизб ба сароҳат ёд мекунад, ки афроди он дар сафҳои нерӯҳои зидди Башор Асад дар Сурия меҷанганд.
Баҳриддин Мӯъминов, дар таърихи 18-уми декабри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба пояи моддаи 187, қисми –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шуда буд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онҳоро моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба ширкат дар ошӯбҳои Сурия дар ҳайати мухолифини ҳукумати Башор Асад муттаҳам намуда буд.
ҲНИТ, ки шумори аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, баъди ҳизби ҳокими халқиву демократӣ дувумин ташаккули умдаи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳбарияти ҳизб шикоят доранд, ки тайи чанд соли охир ва бахсус дар пешорӯи интихоботи соли гузаштаи президентӣ фишорҳо алайҳи ҲНИТ ва аъзову ҳаводоронаш дар марказ ва музофоти кишвар башиддат афзоиш ёфтаанд. Маъракаи алайҳи ин ҳизб ба роҳандохтаи мақомот дар матбуоти маҳаллӣ бо номи “Анти-наҳзат” маъруф шудааст.
Ду сол пеш дар як расонаи русӣ нусхаи протоколи як ҷаласаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳам нашр шуд, ки бо номи “протоколи 32-20” маъруф аст ва дар он ба роҳандозии маъракаҳои фишору таъқиби аъзои ҲНИТ таъкид мешавад. Аммо мақомот воқеъияти ин санадро рад мекунанд.
Пахши навор дар бораи ширкати аъзоёни ҲНИТ дар ҷанги Сурия дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, як фард бо номи Маҳмадулло Холов, ки худро “табиби мардумӣ” меномид, аз сӯи мақомот бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтарони ӯгаяш боздошт шуд ва мақомот ӯро низ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълон карданд. Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар як баёния иддаои мақомот дар бораи узви ин ҳизби мухолиф будани Холовро башиддат рад кард.