Парлумони нав: саволе нест, ҳама розӣ

Tajikistan -- First session of new parliament of Tajikistan, Dushanbe city, 17Mar2015

Ҷаласаи навбатии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки тарҳу пешниҳодҳо дар он акнун бебаҳсу мухолифати вакилон ва тақрибан бо ҳамовозии тамом пазируфта мешаванд.

Ҷаласаи навбатии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки тарҳу пешниҳодҳо дар он акнун бебаҳсу мухолифати вакилон ва тақрибан бо ҳамовозии тамом пазируфта мешаванд. Дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи 8-уми апрел вакилони нав тағйиру иловаҳо ба қонунҳои будҷа, кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, суғуртаи мутақобила ва ҳамчунин чанд созишномаи байнидавлатиро ба тасвиб расонданд.

Аммо танҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон буд, ки то андозае рафти ҷаласаро гарм нигоҳ медошт. Ӯ нахуст ба раҳбарони вазоратҳо барои ширкат накарданашон дар ҷаласа ҳушдор дод ва ҳамчунин зимни шарҳи лоиҳаҳо ба масъулон суолҳо медод.

Чунин ҷараён гирифтани иҷлосия дар ҳайтаи нави парлумон андешаи он идда аз мунтақиддон ва соҳибназаронро, ки мегуфтанд, парлумони нав “хомӯштар” ва “балегӯ” мешавад, собит кард.

Зеро дар парлумонҳои пешин ба камияш ду ва ё се вакиле аз аҳзоби мухолиф, назири коммунист ва наҳзат буданд, ки садо баланд мекарданд ва мавқеи худро баён медоштанд. Махсусан дар баррасии тарҳҳои иҷтимоӣ ё имтиёздиҳӣ ба ширкатҳои хос садои Шодӣ Шабдолов ва Муҳиддин Кабирӣ шунида мешуд.

Аммо вакилони тозаинтихоб хомушии худро ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ҳамаи баҳсу баррасиҳо дар шӯрои парлумон сурат мегирад ва дар ҷаласа дигар ҷое барои суол намемонад.

Аз ҷумла, Мирзоанвар Аҳмадов, увзи Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мегӯяд, шахсан ду лоиҳаи қонунро баррасӣ ва назарҳои худро ба кумитаҳои дахлдор ирсол доштааст: “Дар саркумита бевосита аз ҳама кумитаҳо ва кумитае, ки ба он қонун тағйир ворид шудааст, даъват мешаванд ва дар онҷо ҳатто то яку ним соат баҳсу мунозираҳо дар бораи ворид кардан ё накардани тағйиру иловаҳо ба қонун ҷараён мегирад. Баъдан ҳамаи ин хулосаҳо гирифта мешавад ва дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад. Яъне бояд аз ин механизм бохабар буд, чун ин қонунҳо чанд зинаро мегузаранд ва танҳо баъд қонуни мукаммал ва ё тағйиру иловаҳо ба он пешниҳод мегардад”, гуфт ӯ.

Ҷаноби Аҳмадов аз ҷумла афзуд, барои ворид кардани иловаҳо ба “Қонуни будҷаи давлатӣ” ва озод кардани фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони Театри миллии кишвар аз андози низ баҳсҳо зиёд будааст. Аммо дар ниҳоят вакилон ба як қарор омадаанд, ки тағйиру иловаҳоро бипазиранд.

Дар ҳамин ҳол Абдуҳалим Ғаффорзода, узви Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ низ мегӯяд, ҳар нафаре ки вакилони тозаинтихобро “хомӯш” меномад, иштибоҳ мекунад. Ин вакил гуфт,”ман низ дар аввал чунин андеша доштам, аммо вақте ки вориди парлумон шудам, дарк кардам, ки дар қонун ҳатто як вергул ва нуқта мақсаду ва мароми вазнини худро дорад. Ва ҳар касе, ки берун аз Маҷлиси намояндагон ягон ҳарфе мегӯяд, ин маънои онро дорад, ки ӯ дар бораи кори парлумон ва қонунофарӣ маълумоте надорад. Агар дар қонун ягон камбудие бошад, ман ва дигар вакилон ҳатман назари худро баён мекунем, аммо ин ҳамаи баҳсу муборизаҳо то расидани қонун ба сессияи парлумон ҷараён мегирад.”

Аммо ҳамсӯҳбатони мо шарҳ намедиҳанд, ки пас чаро раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба масъулони ҳукумат, ки тарҳҳоро ба самъи вакилон мерасонанд, саволҳо намедиҳад. Аз сӯи дигар, ин оё беҳтарин имконияте нест, ки ба масъулони ҳукумат паёму дархости интихобкунандагон расонида шавад.

Дар бораи фазои нави Маҷлиси намояндагон тақрибан ҳамаи хабарнигорони порлумонӣ, ки умдатан дунболи баҳсҳои пуршӯр ё ҷузъиёти ҷолиб мегарданд, назари ҳамсон доранд. Онҳо мегӯянд, дар Маҷлиси намояндагони феълӣ вакиле намонадааст, ки аз ҳукумат танқид кунад ва ба рад шудани ин ё он тарҳ талош намояд. Дар ин парлумон, ки 63 курсӣ дорад, ҳоло 76 дарсади вакилонро аъзои ҳизби ҳокими Халқии демократӣ ташкил медиҳанд. Намояндагони 5 ҳизби дигар, ки ба парлумон роҳ ёфтанд, ба сурати умум аз муттаҳидони ҳизби ҳоким шумурда мешаванд.

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнингори палумонӣ дар ин замина мегӯяд, “ман ҳеҷ гумон намекунам, 63 депутати мақбуле, ки барои ҳукумат вакил шуданд, ин ё он лоиҳаи қонунро баргардонанд ва ё баҳсҳои сахт кунанд. Мо набояд ягон тағйирро интизор шавем, зеро айни ҳамон корҳо мешавад. Яъне президент лоиҳаҳои қонунро мефиристад ва парлумон бечуну чаро қабул мекунад. Ҷаласаи имрӯза низ, ки бидуни баҳсу баррасии тамоми масъалаҳо қабул шуданд, танҳо як чизро ифода мекунад, ки ё вакилон воқеан чизеро намедонанд ва ё тарс доранд. Яъне онҳо он қадар ба худашон бовар надоранд, то тавонанд, дар робита ба масоили муҳим мавқеъгирӣ кунанд”, мегӯяд ин журналист.

Аммо хабарнигорони дигари порлумонӣ мегӯянд, ин ҳоло аввали кор аст ва имкон дорад, дар оянда аз шумори намояндагони аҳзоби сиёсӣ ё вакилони мустақил чеҳраҳое пайдо шаванд, ки пешниҳодҳои ҳукуматро ба чолиш кашанд.