Харай, девонашай, ранги ҳайвонай, гӯспанд, духтари маймун, калӯши даридагӣ, бачаи ҷайра... Инҳо ҳама номгӯи “жаргон”-ҳое ҳастанд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз фаровон истифода мекунанд. Ҷавонон ҳангоми лутф гуфтан ба духтарҳо ё дар сӯҳбат бо рафиқонашон аз ин вожаву таъбирҳо зиёд кор мегиранд.
Додихудо Саймиддинов, доктори илмҳои филологӣ, ки солҳо роҳбарии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, якшанбеи 5-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна жаргонҳо ё сленгҳо дар аксари забонҳои дунё мавҷуданд. Маҳз дар забони ҷавонон. Вай гуфт: “Ин сатҳи донишу фаҳмиши ҳамон ҳалқаеро нишон медиҳад, ки аз ин гуна жаргонҳо истифода мекунанд. Бинобар ин мо наметавонем ин жаргонҳоро аз байн бубарем. Аммо хушбахтона ин меъёр миёни равшанфикрону фарҳангиён ҷой надоранд.”
Кино кардӣ, ҳама тенҷай, ай туда хушрӯша гов баҷқа... ва дигар “жаргон”-ҳо одатан дар хиёбонҳо шунида мешаванд
Хуршеди Эмомалӣ, як ҷавони 21-солаи тоҷик, гуфт, (калимаи ҳайвону хар) аз зумраҳои вожаҳоест, ки ҳам ба хотири муд ва ҳам барои ба истилоҳ лутф истифода мешаванд: “Аслан истифодаи ин калимаҳо дуруст нест. Аммо ҳангоме ки дар кӯчаҳо бачаҳо бо истифода аз жаргонҳо гап мезананд, барои ман хело писанд аст.”
Ташбеҳ додани духтарон дар хиёбонҳо бо маймун, хар, ҳайвон ва ё ранги мурғ гуфтани ҷавононро, худи ин қишри ҷомеа хуш мепазирад. Ба қавли Хуршед, чун ин гуна лутф кардан ба худи духтарҳо ҳам дар бисёр мавридҳо писанд меояд, дигар ҷавонон ҳам талош мекунанд ҳамин гуна гап зананд.
Аммо тавре аз сӯҳбат бо ҷавондухтарон маълум гардид, на ҳамаи онҳо хуш доранд, ки ҷавонон онҳоро ба ҳайвон ташбеҳ диҳанд. Аксари онҳо зидди шунидани ин гуна “лутф” мебошанд. Аммо, мегӯянд онҳо, аксар вақт ба хотири сар назадани хархаша табассум карда мераванду чизе намегӯянд.
Нилуфар Лашкарова, як духтари тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аслан ҳеҷ духтаре хуш надорад, ки касе маймун, хар, ё ҳайвонаш гӯяд. Аммо ҷавононе, ки бефарҳанганд, гумон мекунанд, аз ин гуна гаппартоиҳо духтарҳо шод мешаванд. Ё ба истилоҳ ишқашонро бидуни мушкил мепазиранд: “Бачаҳо гумон мекунанд, ки агар духтарро гову хару маймун гуфта, таъриф кунӣ, ту хеле нафари маданиӣ. Аммо онҳо боре андеша намекунанд, ки ин баръакс нафрату ҳисси бадбиниро бештар ба миён меорад. Марде, ки донишу маданият дорад, асло гову хар гуфта, духтарро ба ҳайвон баробар намекунад.”
Нилуфар мегӯяд, худ борҳо шоҳиди ҷанҷоли бевоситаи духтарҳо бо ҷавонон дар ин росто шудааст. Ӯ меафзояд, духтарҳо ба ҷавононе, ки аз чунин сленгҳо истифода мекунанд, бо писханд ҷавоб медиҳанд ва табассумашон пас аз шунидани ин гуна вожаҳо низ ба маъноест, ки ин ҷавон фарҳанг надорад.
Диловар Салимов, хабарнигори ҷавони тоҷик мегӯяд, ин гуна жаргонҳоро дар ҷомеаи тоҷик натанҳо писарон, балки духтарон ҳам фаровон истифода мекунанд. Диловар ба унвони мисол мегӯяд, вақте духтар писарро лутф карданӣ шавад, шери нар, ҷигит ё тенҷай мегӯянд. Ба қавли Салимов, дар рустоҳо чунин жаргонҳо нисбатан камтар буда, бештар дар шаҳрҳо ба гӯш мерасанд: “Ин чанд сабаб дорад. Якум, суст будани забондонии ҷавонон. Дуюм, пайравӣ кардани онҳо ба Ғарб аст. Севум надоштани дониши исломӣ. Зеро дар Ислом ташбеҳ додани одам ба ҳайвон ва ё гуфтани сухани қабеҳ раво нест.”
Феълан дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои зиёде амал мекунанд, ки ҳатто ба истилоҳ луғатеро дар бораи сленгҳову вожаҳои роиҷ дар байни ҷавонони тоҷик тартиб дода,ин мавзӯъро ба баҳс кашидаанд. Дар ин луғат алакай бештар аз 50 номгӯи чунин “жаргон”- ҳо ҷамъ оварда шудааст.