Ахиран дар тӯғайзорҳои водии Вахши вилояти Хатлон селаи паррандагони нодире сукунат ихтиёр кардаанд, ки ба таъкиди мутаххасисон, ҳарчанд нодиранд, вале шомили Китоби сурхи Тоҷикистон нестанд.
Нодиртарини ин “меҳмонони нохонда” лаклакҳои дарозпои сиёҳу сафед ва пеликанҳо (мурғи сақо) мебошанд. Ба гуфтаи масъулони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, маҳз гуруснагӣ ин паррандагонро водор кардааст, то аз Покистону Ҳинд ва дигар кишварҳои нисбатан гарм ба ҷануби Тоҷикистон парвоз кунанд.
Ҳабибулло Қодиров, як масъули раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон рӯзи 26 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “таҷриба нишон медиҳад, ки парандагони мавсимӣ дар замистон ба водии Вахш кӯч мебанданд, аммо парвози лаклакҳои нодир аз Покистону Ҳиндустон ба ҷануби Тоҷикистон ғайри инзор аст.”
Ба таъкиди ҷаноби Қодиров, дар ҳоле ки ин парандагони нодир водии Вахшро маҳалли сукунати худ интихоб кардаанд, бояд нисбати онҳо назорати ҷиддӣ бурда шавад, то дар замистон аз гуруснагӣ нобуд нагарданд: “Фармон шудааст, ки барои замистонгузаронӣ гандум захира карда шавад.Дар рӯзҳои сард дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ супориш дода шудааст, ки гандумро захира кунанд, ба мавзеъҳо баромада, донаҳоро пошанд ва нагузоранд, ки ин парандагонро шикор намоянд.”
Масъулони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯянд, замистони гузашта ҳаво сард омад ва заминҳо муддатҳо барфпӯш буд, аз ин рӯ имсол омодагии бештаре барои донапошӣ барои паррандагон ва ҳамин тавр, таҳияи маводи хӯрока барои ҳайвоноти нодир гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин масъулон, барои “меҳмонони нохонда” низ дону маводи хӯрока тавзеъ карда мешавад.
Лаклакҳои нодири сиёҳу сафед, ки аз навъи лаклаки ҷоғардоранд, бештар дар мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон”, воқеъ дар ноҳияи Ҷиликӯл зоҳир шудаанд. Аммо мутахассисони соҳа мегӯянд, ин лаклакҳо ҳанӯз саршуморӣ нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Сайфуллоев, масъули мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз мушоҳидаи лаклакҳо, ки назирашон дар Тоҷикистон нест, истиқбол ва изҳори хушҳолӣ кард. Вай гуфт, талош хоҳанд кард, то шароити лозимро барои зимистонгузаронии ин ва дигар парандагону ҳайвонот дар ин мамнӯъгоҳ фароҳам созанд: “Зимистони соли гузашта барои кормандони Бешаи палангон дарс шудааст, ки барои парандагон 3 тонна дона, гандуму ҷав захира кардаем, то зинда монанд. Ҳозир лаклакҳо зиёд ҳастанд дар ин беша, вале онҳо, ки парвозианд, наметавонем, ки онҳоро ҳисоб кунем.”
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои масъулони мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон” дар ҳоли ҳозир барои зимистонгузаронии парандагону ҳайвоноти ин мавзеъ шаш тона гандум ва ҷав захира шудааст.
Аммо Холназар Давлатов, як корманди дигари мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон” мегӯяд, баъзе аз парандагони “меҳмон”-ро саршуморӣ кардааст: “Лаклакҳои нодир, пеликан ва мурғи сақо аст, ки дар таги нӯлаш халта дорад, наздики 20 адад омадааст. Инчунин қу ҳам инҷо пайдо шудааст.”
Масъулони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯянд, бар иловаи паррандагони нодир, ки дар дигар кишварҳо омадаанд, ҳудуди 60 навъ паррандагон барои замистонгузаронӣ ба ин мавзеъ меоянд ва баҳор ин минтақаро тарк мекунад.
Суоли беҷавоб барои масъулони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон низ ин аст, ки маълум нест, паррандагони нодири “меҳмон” аз Покистону Ҳинд фасли баҳор дар водии Вахш мемонанд ё бозпас ба ватанашон бар мегарданд.