Имрӯз мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақи тоҷик дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор нашуд.
Пайвандони Саидов мегӯянд, ӯ имрӯз дар Ожонси мубориза бо фасод дар робита ба як парвандаи нав бо иттиҳоми “таҷовуз ба номус” таҳти бозпурсӣ қарор дорад ва шояд мурофиааш ба ин далел фардо, ҷумъаи 27 сентябр аз сар гирифта шавад.
Додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абулхайров рӯзи душанбеи 23 сентябр дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов танаффус эълон карда буд ва қарор буд, ки ин додгоҳ 26 сентябр аз сар гирифта шавад. Аммо пайвандони Зайд Саидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вай ҳанӯз ҳам бо вакилонаш дар бинои Оҷонсии мубориза бо корупсия аст ва мавриди бозпурсии муфаттишони ин ниҳод қарор дорад. ҳол вакилони дифоъи Зайд Саидов ин лаҳзаҳо ҳамроҳи ӯ дар бинои оҷонсии мубориза бо корупсия мебошанд.
Рӯзи 24 сентябр Зайд Саидов – соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро аз боздоштгоҳ ба Ожонси мубориза бо фасод оварда, эълон карданд, ки алайҳи ӯ бо ду айбни нав парвандаи ҷадиди ҷиноӣ кушодаанд.
Вакили соҳибкор Шӯҳрат Қудратов шоми 24 сентябр ба Озодӣ гуфт, мақомоти Ожонси мубориза бо фасод Саидовро ба як мавриди дигари таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ айбдор карда, алайҳаш ҳанӯз дар таърихи 14 сентябр тибқи моддаи 131-уми Кодекси ҷиноӣ (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва қисми сеи моддаи 138-ум(таҷовуз ба номуси шахсе ки ба синни 14 нарасидааст) парвандаи нав боз кардаанд.
Шоми 24 сентябр Зайд Саидовро бо “ҷабрдида”-и ҷадид, ки як духтари русзабони феълан 14-сола будааст, барои шиносоӣ рӯбарӯ кардаанд. Ин духтар иддао кардааст, ки вақте ҳамагӣ 12 сол дошт, аз сӯи Зайд Саидов таҷовуз шудааст.
Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, Зайд Саидов дар ҷараёни ин амали тафтишотӣ гуфтааст, ки ин духтарро дар умраш бори аввал мебинад ва ин парвандаи алайҳи ӯ низ тӯҳмате беш нест. Оқои Қудратов афзуд, тафтиши ин парвандаро муфаттиши Ожонси зиддифасод Зуҳал Раҳимов пеш мебарад. Ин ҳамон муфаттишест, ки ба гуфтаи вакилони соҳибкор, дар ҳафтаи гузашта ба посбонҳои бӯстонсаройи Зайд Саидов, воқеъ дар дараи Варзоб фишор оварда буд, то ба ин бӯстонсаро духтар овардани ӯро эътироф кунанд. Вакилони Саидов аз ин фишор алайҳи Субҳон Холмуродов ва бародари ӯ ба қозии парвандаи Зайд Саидов ва ба додситонии кулл расман шикоят бурданд.
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, имрӯз танҳо амали шиносоӣ сурат гирифта, дар бораи дар куҷо ва чигуна иттифоқ афтодани ин мавриди гӯё таҷовуз ба номус ҳанӯз ҷузъиёте барояшон ироа нашудааст. Аммо ба бовари ӯ, ҷониби тафтишот, ки дар роҳи собит кардани иттиҳомоти қабилаш дар додгоҳ чандон муваффақ набуд, зоҳиран мехоҳад бо методи бофтани иттиҳомҳои наву" кофта баровардани “ҷабрдида”-ҳои нав" амал кунад. Оқои Қудратов гуфт, зоҳиран ба ҳамин далел айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 23 сентябр аз додгоҳ барои омӯзиши бештари парвандаҳо 3 рӯз танаффус хост.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасод, ки тафтиши аксари парвандаҳои зидди Зайд Саидовро бар дӯш дошт, ҳанӯз оғози парвандаи нав алайҳи ин соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистонро расман таъйид ва ташреҳ накардаанд.
Эълони иттиҳомоти нав дар ҳолест, ки алайҳи Зайд Саидов алакай дар моҳи июн як парвандаи “таҷовуз ба номус”-и духтаре, ки ба синни 16 нарасидааст, боз шуда буд. Мақомоти Ожонси зиддифасод мегуфтанд, ӯ бо як духтар тайи чандин сол ҳамхоба шуда, се дафъа ӯро ба исқоти ҳамл маҷбур кардааст. Тафтишот мегӯяд, Саидов аз ин духтар, ки ҳоло ба синни балоғат расидааст, як духтари семоҳа ҳам дорад. Саидов ин иттиҳомро радд карда, мегӯяд, ки он духтари даъвогарро аслан намешиносад.
Алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд. Бо шурӯъи парвандаи ахир шумораи иттиҳомоти зидди ӯ ба 10 мерасад. Ин дар ҳолест, ки Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод дар арафаи оғози додгоҳи Саидов гуфта буд, ки танҳо як бахши парвандаҳои марбут ба ин соҳибкори шинохта ба дасти додгоҳ супурда шуда, тафтиши фаъолиятҳои тиҷориву иқтисодии ӯ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.
Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе, ба муҷарради бозгашташ аз сафари Фаронса дастгир шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад