Иҷозаномаи махсус барои фурӯши сигор дар Тоҷикистон

​Бар асоси қарори нав, моликони дӯконҳое, ки ба фурӯши сигор ва навъҳои дигари тамоку машғуланд, бояд аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иҷозанома бигиранд, ки арзишаш 400 сомонист.

Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як қарор моликони дӯконҳои фурӯши сигорро муваззаф кардааст, ки барои ин навъи фаъолияташон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иҷозаномаи махсус дарёфт кунанд. Ҳоло бидуни ин иҷозанома фурӯши сигор дар мағозаҳои кишвар мамнӯъст ва моликонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

Нархи ин муҷаввиз 400 сомонӣ буда ва он якбора барои се сол дода мешавад. Бино ба арзёбиҳо, давлати Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши ин иҷозанома метавонад солона 1,5 миллион сомонӣ фоида бубинад.

Мухолифону ҷонибдорони ин қарор дар Тоҷикистон зиёданд ва аммо аксарият аз ин қарор ба далели ин ки шояд битавонад сафи сигоркашонро дар кишвар коҳиш бидиҳад, пуштибонӣ мекунанд. Як молики дӯкони сигорфурӯшӣ дар пойтахти кишвар гуфт, ин қарор сабаб шудааст, то қимати сигорро каме боло бубаранд, чаро ки, ба қавли ӯ, танҳо аз ин ҳисоб метавонанд пули иҷозаномаро пайдо кунанд. Вале афзуд ҳамсӯҳбати мо, каме гаронтар шудани арзиши сигор ҳам ба кам гардидани сафи талабгоронаш "кумак" накардааст.

Дилшод, як сокини шаҳри Душанбе, ду сол боз сигор мекашад. Ӯ мегӯяд, тамокукашӣ ҳоло ба як "одати бад" табдил ёфта ва таркаш маҳол шудааст. "Ман бештар сигори нави PINE-ро мекашам ва агар қимати он дар моҳи ноябр-декабри соли гузашта 4 сомонӣ буд, ҳоло ба панҷ сомонӣ расидааст. Арзиши ҳама намуди сигорҳо то як сомонӣ қимат шудааст. Мо аз ин қарор огоҳ нестем, вале бовар доштем, шояд ба пасту болоравии қурби доллар иртибот дошт," -- афзуд мусоҳиби мо.

Созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, сол то сол ба ҷойи кам шудани сафи тамокукашон, баръакс, шумораи онҳо дар ҳоли афзоиш аст. То кунун на танҳо маъракаҳои таблиғотӣ, балки ба маротиб боло рафтани нархи тамоку дар ҷаҳон ва нашри ҳушдорҳои шадид болои қуттиҳои сигор низ пеши тамокукширо гирифта натавонистааст.

Дар Тоҷикистон ҳам соли 2011 қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми иҷро даромад. Дар оғози ҳукми иҷро гирифтани ин қонун аз муҷозоти бархе шаҳрвандон барои нақзи он хабар расида буд. Нақзи қонуни манъ ё маҳдудияти сигоркашӣ дар Тоҷикистон аз 105 сомонӣ сар мешавад.

Тарабхона ва қаҳвахонаҳо барои сигоркашон ҷойҳои махсус муайян кардаанд ва дар оғози иҷрои ин қарор дар ҳоли сигоркашӣ дидани одамон дар кӯчаву хиёбонҳо коҳиш ёфта буд. Сокинон ба хотири он ки ҷарима насупоранд, аз тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан толорҳову дохили мусофирбарҳо худдорӣ меварзанд.

Ин ташаббус таъсири тамокуро ба атрофиён коҳиш медиҳад, вале натавонистааст пеши роҳи афзоиши шумораи тамокукашонро бигирад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳонае роиҷ аст, ки одамон аз мушкилоти зиндагӣ ва ғаму андӯҳ ба носу сигор рӯ меоранд.​

Видео аз бойгонӣ: Тамокукашӣ бештар шудааст, ё камтар?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тамокукашӣ камтар шудааст ё бештар?