Бино бар тарҳи нави Қонуни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба парлумон ворид шудааст, кумакҳои молиявӣ ба аҳзоби сиёсиро маҳдуд ва тафтиши молиявии онҳоро аз ҷониби Кумитаи андоз фароҳам хоҳад кард.
Бар асоси моддаи 12-и ин лоиҳа намояндагиҳои аҳзоби сиёсӣ дар маҳалҳо ҳаққи гирифтани кумаки молиявиро надоранд. Дафтарҳои марказии аҳзоб дар сурати дарёфт кардани бештар аз 4 ҳазор сомонӣ бояд ба Кумитаи андоз ҳисобот пешниҳод кунанд, ки ин маблағро аз кӣ гирифтаанд ва фарди кумакунанда ин маблағро аз куҷо ба даст овардааст. Инчунин, моддаи 16-и ин лоиҳа ба Кумитаи андоз иҷозаи тафтиши молиявии аҳзоби сиёсиро медиҳад, ки дар Қонуни амалкунанда ҷой надорад.
Рустам Латипов, раҳбари Ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократ ва Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар парлумон курсӣ доранд, дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин қонун рӯзи 13 апрел ба палатаи поёнӣ ворид шудааст ва назари худро пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳа баён хоҳанд кард.
Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лоиҳаи ин қонунро дар сурати қабул шуданаш дахолат ба фаъолияти аҳзоби мухолиф ва маҳдуд
кардани фаъолияташон медонад. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, мутмаин аст, бинобар вуҷуд надоштани гуногунандешӣ дар парлумон ин лоиҳа ҳатман дар ҳамин шакл қабул хоҳад шуд. Аммо, меафзояд ӯ, дар сурати одилона татбиқ кардани ин гуна қонун он ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсире нахоҳад дошт, аммо бандҳои ин қонун дастҳои бархе аз мақомотро ба фишори бештар сари ҳизбҳои сиёсӣ боз хоҳад кард.
Ӯ гуфт: "Дар мавриди маблағҳои воридотӣ бояд бигӯям, ба ҳизби мо чандон таъсире нахоҳад кард, зеро то кунун бо чунин миқдор аз ҷониби шахсиятҳои алоҳида ба ҳизби мо маблағ ворид нашудааст. Ин барои Кумитаи андоз ва дигар ниҳодҳо танҳо баҳона барои тафтишу санҷиш ва бо ин роҳ фишор овардан ба ҳизбҳои сиёсӣ хоҳад шуд."
Аммо Усмони Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, аҳзобе, ки дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият мекунанд, набояд аз пешниҳоди чунин як лоиҳа изҳори нигаронӣ кунанд.
Ҷаноби Солеҳ афзуд: "Вақте ҳизб ба таври қонунӣ фаъолият мекунад ва фаъолияташ шаффоф ҳаст, набояд аз тафтиши сохторҳои давлатӣ нигарон бошад. Ҳизби мо аз ин лоиҳаи қонун ҳеҷ нигаронӣ надорад, зеро фаъолияти мо шаффоф ва қонунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гузашта низ фаъолияти мо аз ҷониби додситонӣ ва дигар ниҳодҳо тафтиш шуда, камбудҳо ошкор шуд. Мо камбудҳои худро ислоҳ кардем. Тафтишу санҷиш ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад."
Дар ҳоле, ки бархе аз аҳзоби мухолиф ин лоиҳаи қонунро хилофи як ҷомеаи демократӣ медонанд, Абубакр Иномов, сардори Раёсати қонунгузорӣ гражданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар таҳияи он саҳм дорад, мегӯяд, ин тарҳ бар асоси талаботи моддаи 7-и Аҳдномаи Созмони Милал дар бораи коррупсия таҳия шудааст.
Вай гуфт: "Мо дар даст тавсияи гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба шустани пулро, яъне созмони байналмилалии “Fatfa”-ро дорем, ки дар бандҳои 5 ва 8 вобаста ба танзим даровардани тартиби маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ тавсия дода шудааст. Аксари кишварҳои дунё, мисли Олмон маблағгузории ҳизбҳои сиёсиро манъу маҳдуд кардаанд. Ин таҷриба инчунин дар Русия ва Украина низ ҳаст. Чун ин талаботи созмонҳои байналмиллалист, мо қонунҳои дигар давлатҳоро омӯхта, ин лоиҳаро таҳия кардем."
Ин лоиҳаи қонун дар ҳоле ба парлумон пешниҳод шуд, ки сару садо атрофи бастани Ҳизби наҳзати исломӣ, ки пас аз чанд соли фаъолият намояндагонаш имсол ба парлумон роҳ наёфтанд, бештар мешавад. Аммо муаллифони он мегӯянд, дар лоиҳа ҳеҷ ишорае ба маҳдуд кардан ё бастани аҳзоби дорои хусусияти динӣ вуҷуд надорад.
Дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ расман сабти ном шуда, фаъолият мебаранд. Аз ин ҳисоб 5 ҳизби сиёсӣ дар парлумон соҳиби курсианд, аммо се ҳизби дигар мисли Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон порлумонӣ нестанд.
Қарор аст, лоиҳаи Қонуни ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон то аввали моҳи оянда аз ҷониби парлумон ба тасвиб расад.