Файзулло Искандаров, мудири шӯъбаи меъмории ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки мехоҳанд ин биноҳоро аз нав созанд ё харидуфурӯш кунанд, бояд мутобиқи ин қарори ҳукумати шаҳр амал кунанд. Вале дар ин қарор истисноҳо ҳам ҷой доштаанд:«Танҳо сохтмони ду-се бино манъ мешавад, ки он ҳам ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дорад. Ва ин ҳам вобаста аз он аст, ки он чӣ гуна бино мешавад ва аз чандошёна иборат хоҳад буд?»
Ҷӯра Латифов
Аммо соҳибназарон бар инанд, ки ҳифзи биноҳои таърихӣ барои наслҳои баъдӣ хеле муҳим аст. Ҷӯра Латифов, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки замони шӯравӣ ба ҳайси раиси яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ёвари раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов фаъолият кардааст, мегӯяд, «албатта, ин сохтмонҳо барои ба вуҷуд овардани як ансамл дар майдони «Дӯстӣ» сохта мешаванд. Аммо дар кишварҳои дигар вақте мехоҳанд маркази нави шаҳрро бунёд кунанд, онро дар ҷои дигар месозанд. Масалан, Алмаато буд, аммо Остонаро сохтанд, Деҳлӣ буд, Деҳлии нав сохтанд. Дар кишварҳои Аврупо низ чунин аст.»
Ин дар ҳолест, ки “Генплан”-и Душанбе чанд сол боз дар пойтахт сарусадоҳои мухталиферо ба вуҷуд оварда, мардумро аз харидани ҳавливу манзил дар шаҳр манъ мекунад. Бисёриҳо метарсанд, ки мабодо ҳавлие ки бо пули ҳангуфт мехаранд, баъди чанде ба “Генплан” биафтад ва пули онҳо бисӯзад.
Аммо бисёре аз сокинони кӯҳансол тахриби биноҳои пешинро хуш надоранд, зеро ин кор, ба ақидаи онҳо, аз рӯйи қонун ва инсоф амалӣ намешавад. Сабоҳат Мӯъминова, як сокини пойтахт мегӯяд, «дар як ҳавлӣ ду-се келин зиндагӣ мекунанд. Онҳоро ба як хонаи чандҳуҷрадор кӯчонда намешавад. Байнашон ҷангу ҷанҷол мешавад. Ё барои ҳар кадомашон хонаи алоҳида диҳанд, ё маблағе диҳанд, ки ба он барои ҳар кадоме хона харида шавад."
Аммо ба гуфтаи Файзуло Искандаров, ҳанӯз лоиҳа тасдиқ нашудааст ва ҷузъиёти ин қабил масъалаҳо баъди тасдиқ шудани тарҳ рӯшан ва ба шаҳрвандон хабар дода хоҳад шуд. Ҳамчунин куммиссиюне таъсис дода мешавад ва он муайян мекунад, ки шаҳрвандон мехоҳанд хонаро фурӯшанд ё бар ивазаш манзил гиранд. Масъулон итминон медиҳанд, ки баробар ба арзиши манзилашон ба шаҳрвандон манзил дода ва ё маблағи хона пардохта мешавад.
Тавре мақомот мегӯянд, нақшаи куллии пойтахт ҳанӯз соли 1984 ва шакли таҳриршудааш дар соли 2006 тасдиқ шудааст. “Генплан”-им нави Душанбе дар пажӯҳишгоҳи “Гипрогор”-и Маскав таҳия мешавад.
Рӯйхати хонаҳое ки тахриб хоҳанд шуд
Замима ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №440-2 аз 23.07. 2013
Руйхати бинову иншоотҳои кам ва миёнаошёнаи бартарафшаванда дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ аз бурриш ба кӯчаи Теҳрон то бурриш ба кӯчаи Шотемур, қисмати ҷанубии кӯчаи Шотемур аз бурриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Пушкин, қисмати ғарбии кӯчаи Пушкин аз буриш ба кӯчаи Шотемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати шимолии кӯчаи Теҳрон аз буриш ба кӯчаи Пушкин то буриш ба хиёбони Рӯдакӣ