Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят гуфтааст, агар Хайрулло Мирсаидов ба матбуот дар бораи 1000 доллар ришвае, ки гӯё аз вай талаб карда бошанд, хабар намедод, дар нисбати вай тафтишот сурат намегирифт.
Аммо вакилони дифои Мирсаидов аз мақомоти тафтишот дархост хоҳанд кард, то ба далели набудани далели қавӣ барои моддаи 189, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва нажодӣ, ин иттиҳом аз парванда ҳазф карда шавад. Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр барои сӯҳбат ба бинои додситонии вилояти Суғд даъват ва боздошт гардид.
Даъвогари аслии қазия сардори раёсати ҷавонон ва варзиши Суғд дар мулоқот бо намояндаи НАНСМИТ гуфтааст, ки агар Мирсаидов бо матбуот дар мавриди ин, ки гӯё аз вай 1000 доллар ришва гирифта бошад, хабар намедод, кор ба додситонӣ кашида намешуд.
Манобеи наздик ба мақомоти тафтишотии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафтишоти маблағгузории се соли ахири ҳукумати вилояти Суғд барои КВН ё Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик таҳти раҳбарии Хайрулло Мирсаидов нишон додааст, ки аз ҳудуди 1 миллион сомонӣ, тақрибан 264 ҳазор сомонӣ камомад шудааст ва маълум нест, ки ин маблағ барои кадом корҳо масраф гардидааст.
Ин манбаъ мегӯяд, тафтишоти ибтидоӣ 15 ҳазор сомонӣ камомади маблағи барои КВН- ро ошкор намудаааст ва Хайрулло Мирсаидов дар амри ноҷо сарфу харҷ намудани он айбдор дониста мешавад. Аммо тавре вакилони мудофеи Хайрулло Мирсаидов мегӯянд, зерҳимояи онҳо худро бегуноҳ меҳисобад ва ҷонибдори як аудити нав бо ширкати муфаттишони прокуратураи вилоят ҳаст.
Ба хотири он, ки Мирсаидов дар вақти пешниҳоди санадҳо барои ҳисоботи молӣ расидҳо ва коғазҳои дигари харҷу сарф бо рақамҳои мухталифро ба мақомоти молии вилоят пешниҳод кардааст, додситонии вилоят ӯро бо ҷурми“сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат ва бланкаҳои қалбакӣ”, айбдор медонад.
Дар ҳоле, ки мақомоти тафтишотии парвандаи Мирсаидов ӯро бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор медонад, вакилони мудофеи ӯ мегуянд, ки ҳамаи санадҳои парвандаро маврид омӯзиш қарор додаанд ва дар наздиктарин фурсат як раддия пахш хоҳанд кард.
Мирсаидов розӣ нест
Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ рӯзи 27-уми декабр барои бори нахустин бо яке аз вакилони мудофеи Хайрулло Мирсаидов Анвар Бобохонов мулоқот кард ва аз ҷузъиёти тафтишоти қазияи Мирсаидов пурсон шудааст.
“Анвар Бобохонов гуфт, ки ҳамин рӯз бо Хайрулло мулоқот доштааст ва аз ӯ шароити СИЗО ҳеҷ шикоят надорад. Аммо гуфтааст, ба айбҳое, ки дар нисбаташ эълон кардаанд, розӣ нест. Вай пешниҳод дорад, ки аз нав санҷиш гузаронида шавад ва ҳамаи санадҳо аз нав дида баромада шавад. Вай барои ин розигии худро пешниҳод мекунад. Азбаски Бобохонов ҳанӯз барои фош намудани сирри тафтишот имзо нагузоштааст, розӣ шуд, ки суҳбат кунад. Мирсаидов гуфтааст, ки дар ибтидо дар нисбати моддаҳое, ки айбдораш кардаанд, раддия пахш карда шавад ”.
Агар Мирсаидов хомӯш меистод...
Дар ҳамин ҳол даъвогари аслии қазияи Хайрулло Мирсаидов сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дар мулоқот бо намоянди НАНСМИТ гуфтааст, ки агар Мирсаидов бо “Азия Плюс” дар мавриди ин, ки гӯё аз вай 1000 доллар ришва талаб карда бошад, хабар намедод, кор ба додситонӣ кашида намешуд.
“Вақте, ки дар матбуот хабари бардурӯғ дар мавриди ришватситонии ман пахш мешавад ва ҳатман барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва маълум кардани асли қазия ба прокуратураи вилоят барои сарфу харҷи маблағҳои ҳукумати вилоят ба КВН муроҷиат кардам, ки пули сарфшударо тафтиш кунанд, ки куҷо шуд.” - нақли Зоҳидзода ба Қаршибоев.
Оё Мирсаидов адовати миллӣ ва нажодӣ барангехт?
Суоли муҳиме, ки дар иртибот ба қазияи Хайрулло Мирсаидов матраҳ аст, иттиҳоми “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” нисбати вай мебошад, ки аз куҷо сар задааст ва далелаш чӣ аст. Олим Зоҳидзода, сардори раёсати ҷавонони вилояти Суғд нисбати ин мавзӯъ изҳори бехабарӣ кардааст.
Аммо Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин модда гуё бар асоси мӯҳтавои саҳначаҳои КВН, ба гардани фарзандаш бор шудааст, аммо кадом саҳначаҳо китф дарҳам мекашад. Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақил гуфт, дар пайи мулоқотҳо бо мақомоти вилояти Суғд ва вакили мудофеи Хайрулло Мирсаидов маълум шудааст, ки вакилони дифоъ бинобар набудани далели қавӣ барои моддаи 189, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва нажодӣ аз мақомоти тафтишотӣ, яъне додситонии вилояти Суғд дархост хоҳанд кард, то ин иттиҳом аз парванда ҳазф карда шавад.
Мирсаидов чигуна боздошт шуд?
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр барои сӯҳбат ба бинои додситонии вилояти Суғд даъват ва боздошт гардид. Рӯзи 8-уми декабр аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ӯ барои нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, гумонбар эълон шуд.
Зимнан, Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМТТ ё Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон ба манзури ошноӣ бо қазияи боздошти Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раиси КВН ё Маҳфили Ҳозхирҷавобони тоҷик рӯзи гузашта ба Суғд сафар кард. Дар муддати ду рӯзи ахир ҷаноби Қаршибӣоев бо раиси вилояти Суғд – Абдураҳмон Қодирӣ, Олим Зоҳидзода, сардори Раёсати ҷавонони ва варзиши вилояти Суғд ва вакилони дифои Хайрулло Мирсаидов дидору мулоқотҳоеро анҷом додааст. Қарор аст, раиси НАНСМИТ бо додситони вилояти Суғд низ дар заминаи парвандаи Хайрулло Мирсаидов дидору гуфтуг намояд.