Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр бо нашрия як изҳорот аз шеваи боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик, нигаронӣ кардааст. Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр барои сӯҳбат ба Додситонии вилояти Суғд даъват ва худи ҳамон рӯз боздошт шуд.
Дар изҳороти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки тафтишот дар нисбати Мирсаидов мунсифона анҷом дода ва ӯро бо вакили дифоъ таъмин намояд.
Боздошти Хайрулло Мирсаидовро раиси Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон - НАНСМИТ маҳкум кард. Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки журналисти шинохта Хайрулло Мирсаидов билофосила аз боздошт озод ва тамоми иттиҳомоти зидди ӯ бардошта шавад.
Ин изҳорот ҳамчунин мегӯяд, ки агар Мирсаидов барои истифода аз ҳуқуқи худ ба озодии ақида боздошт шуда бошад, бояд “фавран ва бе чуну чаро” озод карда шавад. Ин эътилоф айни замон аз мақомот даъват кардааст, ки парвандаи Мирсаидов ошкоро баррасӣ намоянд ва натиҷаҳои онро дастраси умум гардонанд.
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр барои сӯҳбат ба бинои додситонии вилояти Суғд даъват ва боздошт гардид. Рӯзи 8-уми декабр аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ӯ барои нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, гумонбар эълон шуд.
Моддаи "барангехтани кина..." мӯҳлати тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад
Яке аз моддаҳое, ки Мирсаидов бо он айбдор мешавад, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" аст. Аммо дар ин изҳороти Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки дар моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба таври дақиқ пешбинӣ нашудааст, ки кадом амалу ҳаракатҳо метавонад ҳамчун асоси барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ дониста шавад.
Ин изҳорот ҳамчунин мегӯяд, ки барномаҳои дорои вижагиҳои ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ яке аз шеваҳои ибрози андеша мебошад ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ онро пешбинӣ карда ва Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1999 онро ба тасвиб расонида ва ӯҳдадор шудааст, ки муқаррароти онро риоя намояд.
Вакили дифои Мирсаидов - Аскар Турсунов рӯзи 11-уми декабр аз мақомот расман дархост кард, ки зерҳимояашро аз маҳбас раҳо кунанд, то замони тафтиш ба пешниҳоди санадҳои истифодаи маблағҳои будҷа барои фаъолияти дастаи ҳозирҷавобон, имкон пайдо кунад. Аммо Додситонии Суғд дархости аз ҳабси пешакӣ озод кардани Хайрулло Мирсаидовро рад кард.
Созмонҳои мудофеи озодии баён боздошти журналистро маҳкум карданд
Боздошти Хайрулло Мирсаидовро раиси Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон - НАНСМИТ маҳкум кард. Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки журналисти шинохта Хайрулло Мирсаидов билофосила аз боздошт озод ва тамоми иттиҳомоти зидди ӯ бардошта шавад.
Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч, рӯзи 11-уми декабр аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд.
“Хайрулло Мирсаидов, ки бо журналистиаш шинохта ва мавриди эҳтиром аст, зоҳиран охирин қурбонии таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат аст”, - афзуд ӯ. Рӯзи 13-уми декабр пажӯҳишгар аз Дания Майкл Андерсон дар як муроҷиатномаи боз аз президенти Тоҷикистон дархост намудааст, ки дар раҳоии Хайрулло Мирсаидов ёрӣ расонад.