Азодорӣ -- на нола, на фиғон. Эҳсосоти ғамдор ҳам танзим мешавад. ВИДЕО

Нашри дастуре дар бораи тарзи рафтор дар вақти вафоти наздикон, ки яке аз охирин муқаррароти масъулини назорат аз маросиму маъракаҳои мардумӣ аст, қонуни бе ин ҳам баҳсбарангези танзимро дубора ба баҳс кашид. Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия муқаррар кардааст, ки мардум набояд баъди вафоти наздикон бо садои баланд доду фарёд кунанд ва либоси сиёҳ бипӯшанд. Дар вокуниш бисёриҳо ҷорӣ шудани чунин муқарраротро аз сӯе аҷиб ва аз тарафи дигар ғайриэтикӣ унвон карда мегӯянд, танзими эҳсосоти мардум дахолати мустақим ба шахсияти инсон аст. Бархе равоншиносон мегӯянд, ин муқаррарот ғайри қобили иҷро аст.

Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, наҳва кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Танҳо наздикони шахси вафоткарда ҳақ доранд, ки гиря кунанд.

“Кас мехоҳад садо дода, дилашро холӣ кунад”

Завқибек Солеҳов чанд ҳафта қабл падари 59-солаашро аз даст дод. Ӯ мегӯяд, дар лаҳзаҳои аввал шунидани хабари марги падар барояш хеле вазнин буд ва дар ин лаҳза ӯ наметавонист дар бораи идора кардани эҳсосоташ андеша кунад.

Завқибек рӯзи 20-уми сентбяр гуфт, дар маросими дафни падар ҳарчанд касе рӯйканиву мӯйканӣ накард, занҳо дар баъзе ҳолат бо садои баланд гиря мекарданд. Завқибекро тасмими нави мақомот дар бораи муқаррар кардани амалҳо ҳангоми вафоти шахси наздик дар ҳайрат гузошт, зеро ӯ аз таҷрибаи худ медонад, ки “дар ин лаҳзаҳо инсон танҳо мехоҳад садо дода, дилашро холӣ кунад.”

Завқибек Солеҳов

“Шояд ҳеҷ қонун ва ҳатто ҷаримаҳои ҳангуфт натавонад пеши роҳи инро бигирад. Чун дар он рӯзе, ки инсон як ҷигарбандашро аз даст медиҳад, ӯ новобаста аз онки ӯ худаш мехоҳад ё не, ҳатман гиря мекунад. Аслан дар Тоҷикистон дар рӯзи даргузашти ягон шахси наздик ба ҷуз аз чанд нафар шояд дигарон ҳама бо садои баланд гиря мекунанд. Қаблан чандин маротиба рӯҳониён дар бораи нодуруст будани рӯйканиву мӯйканӣ гуфта буданд, аммо ҳоло ки мақомот ба ин масъала дахолат мекунанд, намедонам чӣ мешавад”, - афзуд ӯ. Завқибек мегӯяд, беҳтар аст, мақомот талош кунанд, ин масъаларо на бо роҳи фармону қарор, балки аз роҳи сӯҳбатҳои фарҳангӣ амалӣ кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навҳакашӣ ҳангоми гусели тобут манъ мешавад?

“Ҳадаф: Ба танзим овардани маъракаҳои дафн”

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия аз тарафи Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламо ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таҳия шудааст. Мақомот инро ҳамчун дастур ва роҳнамо барои аҳолӣ медоданд. Аммо тартиби мазкур дар пайи қабули тағйирот ба Қонуни танзим тасвиб мешавад, ки тибқи он ҷашну маросимҳо дар кишвар бояд зери назари мақомот гузаронда шавад. Коршиносон тасвиби тартиби азодорӣ ва таъзияро идомаи танзими зиндагии мардум аз сӯи давлат медонанд, аммо мақомот мегӯянд, ҳадаф танҳо роҳнамоӣ аст.

Афшини Муқим

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин мегӯяд, ҳадафи асосӣ аз таҳияи тартиби маъракаи азодорӣ “ба танзим даровардани маъракаҳои дафну азодорӣ ва маъракаҳои марбут ба маросими азодорӣ” мебошад.

Ӯ рӯзи 20-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ маҷбурӣ будани тартиби навро рад кард ва гуфт, мардум дар риояи ин машваратҳо озоданд. Сухангӯи Кумитаи дин дар бораи зарурати таҳияи чунин санад гуфт, “зарурат дар солҳои ахир ба вуҷуд омад, ки чунин як тартиб ба сифати як дастур барои мусалмонон таҳия шавад, то тавонанд дар доираи он ва бо риоя намудани бандҳои алоҳида маросими дафну азодории худро баргузор намоянд. Дар шароити ҷаҳони муосир бо назардошти зарурати омӯзиши бештари масоили марбут ба мазҳаб махсусан ба мазҳаби ҳанафӣ, чунин як ибтикоре рӯйи даст гирифта шуд.”

Афшини Муқим гуфт, интиқоде, ки мегӯянд, ин дастур як василаи дигари назорати зиндагии мардум аст, дуруст нест.

“Дахолат метавонад вокунишҳои сахтро ба вуҷуд орад”

Мақомоти тоҷик дар ҳоле мехоҳанд, амалкарди аҳолӣ ҳангоми вафоти наздиконашро муайян кунанд, ки ба гуфтаи равоншиносон талошҳо дар самти назорати эҳсосоти мардум ҳамеша ноком хоҳанд монд. Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси маъруфи тоҷик ва устоди донишгоҳ мегӯяд, аз даст додани наздикон ҳар шахсро ба буҳрони равонӣ рӯбарӯ мекунад ва ҳар гуна дахолат ба эҳсосоти ӯ дар ин ҳолат метавонад вокунишҳои ғайриинтизорро ба бор орад.

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик.

Ба қавли ин равоншиноси тоҷик, “дар рӯзҳои аввале, ки шахс наздикашро аз даст медиҳад, ба ҳолати шок ё садамоти сахти равонӣ дучор мешавад. Шахс дар ин ҳолат худро идора карда наметавонад, зери таъсири ҳамин зарбаи сахт меафтад ва дар ин ҳолат фақат атофиён бояд дар паҳлӯи ӯ бошанд. Масалан, агар раиси маҳалла ё ҷамоат омада, талаб кунад, ки баланд гиря накун, шахс метавонад вокунишҳои сахт аз худ нишон диҳад.”

“Аз манъи доду фарёд то муайян кардани ҳаққи мурдашӯй”

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия ду рӯз қабл эълон шуд ва масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфтанд, тартиби мазкур аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузашта, бар асоси мазҳаби ҳанафӣ таҳия шудааст. Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия тамоми амалҳо аз лаҳзаи вафоти шахс то маросимҳои азодории ӯро дарбар мегирад. Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, наҳва кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Танҳо наздикони шахси вафоткарда ҳақ доранд, ки гиря кунанд.

Инчунин, ҳаққи қабркан ва мурдашӯй низ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар маҳалҳо муайян шуда, соҳибони майит онро пардохт мекунанд. Тартиби нав, инчунин, муқаррар мекунад, ки “шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик ҳуқуқи истодан надорад. Тибқи урфу одати мардуми кишвар дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст.” Инчунин занҳо ҳаққи ба ҷанозагоҳ ё қабристон рафтанро надоранд.

“Баргузор кардани салоти ҷаноза тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе маҳдудияти шумораи иштирокчиён сурат мегирад. Намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонад”, - омадааст дар тартиби нави азодорӣ.

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар ҳоле қабул мешавад, ки бар асоси тағйироти ахир ба қонуни танзим тамоми маросимҳои азодорӣ дар кишвар бидуни забҳи чорво гузаронда мешаванд.

Қонуни танзими расму оинҳо дар Тоҷикистон соли 2010 бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳадафи коҳиши харҷу хароҷоти маърака, миллӣ ё умумисозии раму оинҳои дар манотиқи мухталиф аз ҳам фарқкунанда ҷорӣ шуд.

Вале даври навбатии таҳриру иловаҳо ба қонун, ки моҳи августи соли ҷорӣ анҷом гирифт, тартиби баргузории маросимҳоро боз ҳам шадидтар кард. Аз ҷумла, яке аз пурбаҳстарин бахши қонун танзими либоси занон дар маъракаҳо ё манъи пӯшидани либоси бегона гардид. Мунтақидон мегӯянд, ҳадафи ниҳоии қонуни танзим назорат аз фаъолиятҳои мазҳабии мардум дар Тоҷикистон аст.