Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маросимҳои дафн дод гуфтан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан... манъ аст


Дар Тоҷикистон тартиби маросими азодорӣ ва таъзия қабул шуд, ки минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси он гузаронда мешаванд. Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, тартиби мазкур аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузашта, бар асоси мазҳаби ҳанафӣ таҳия шудааст.

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия тамоми амалҳо аз лаҳзаи вафоти шахс то маросимҳои азодории ӯро дарбар мегирад. Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, наҳва кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Наздикони шахси вафоткарда танҳо ҳақ доранд, гиря намоянд.

Инчунин ҳаққи қабркан ва мурдашӯй низ дар мувофиқи бо мақоми ваколатдор дар маҳалҳо муайян шуда, соҳибони майит онро пардохт мекунанд.

Тартиби нав ҳамчунин муқаррар мекунад, ки “шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик ҳуқуқи истодан надорад. Тибқи урфу одати мардуми кишвар дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст.”

Инчунин занҳо ҳаққи ба ҷанозагоҳ ё қабристон рафтанро надоранд.

“Баргузор кардани салоти ҷаноза тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе маҳ­ду­дияти шумораи иштирокчиён сурат мегирад. Намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонад”, - омадааст дар тартиби нави азодорӣ.

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар ҳоле қабул мешавад, ки бар асоси тағйироти ахир ба қонуни танзим тамоми маросимҳои азодорӣ дар кишвар бидуни забҳи чорво гузаронда мешаванд.

XS
SM
MD
LG