Либоси омӯзгорони Бохтарро иваз мекунанд

Даҳҳо дӯзанда ин шабурӯз ба таҳияи либоси беш аз ду ҳазор омӯзгори ноҳияи Бохтар машғуланд. Ин либосҳо, ки барои омӯзгорони мард ба қимати 300 сомонӣ ва аз матои рангаш кабуди тира омода мешавад, аз либоси намояндагони идораҳои дигар тафовут хоҳад дошт.

Тарҳи либоси омӯзгорони зан ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, вале, ба қавли мақомоти Бохтар, ба ҳамин зудӣ бояд ҳамаи онҳо бо либоси ягонаи махсус дар ҷойи кор ҳозир шаванд.

Соли 2014 вазорати маориф ба омӯзгорони зан машварат дода буд, ки чунин либосҳоро пӯшанд

Ба либоси нав эҳтиёҷ надорам. Аммо аз мактаб гуфтанд, ки либоси ягона ҳатмӣ аст ва бояд харидорӣ кунем. Маошам 500 сомонӣ аст ва агар либос харам, моҳи оянда дар таъмини хонавода мушкил хоҳам кашид.
Як омӯзгори мактаби ноҳияи Бохтар

Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини раиси ноҳияи Бохтар дар бахши идеология, рӯзи 4 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ҷорӣ кардани либоси махсуси мактабиро барои омӯзгорони ноҳия тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "ин иқдом тоза шурӯъ шуда, ҳамаи омӯзгорон бояд либоси ягонаи мактабӣ ба бар кунанд. Фикр мекунам, либоси ягона талаботи замон аст ва худи омӯзгорон низ ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд."

Масъулони ҳукумати ноҳияи Бохтар мегӯянд, ташаббуси ҷорӣ кардани либоси махсуси мактабӣ барои омӯзгорон довталабона буда, дар ин замина ҳеҷ қарор ва дастур содир нашудааст. Ҳамакнун дар мактабҳои ноҳияи Бохтар андозаи омӯзгорон чен карда шуда ва барои онҳо дар нуқтаҳои дӯзандагӣ ва сехҳо либоси ягона фармоиш дода мешавад.

Ҷорӣ кардани либоси махсуси мактабӣ барои омӯзгорони ноҳияи Бохтар тарафдорону мухолифони худро дорад. Бархе аз омӯзгорон мушкилоти молиро сабаби мухолифат ба ин иқдоми ҳукумати ноҳия дониста ва гуфтаанд, дар шароити феълӣ имкони харидани ин гуна либосро надоранд. Вале мудирони мактабҳо аз омӯзгорон хостаанд, ки либоси ягонаро харидорӣ кунанд.

Як омӯзгори ҷавон, ки худро Саидмукаррам муаррифӣ кард, дар ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар дарс медиҳад. Ӯ гуфт, аввали моҳи сентябр бо харҷи 500 сомонӣ либоси нав харида буд, вале маъмурияти мактаб ӯро барои фармоиши либоси махсуси мактабӣ водор кардаанд. "Ба либоси нав эҳтиёҷ надорам, аммо аз мактаб гуфтанд, ки либоси ягона ҳатмӣ аст. Маошам 500 сомонӣ аст ва агар либос харам, моҳи оянда дар таъмини хонавода мушкил хоҳам кашид", - афзуд ӯ.

Омӯзгори дигари ҳамин ноҳия, ба сабаби мушкили моҳонааш аз харидани либоси ягонаи мактабӣ худдорӣ кард, вале ба ӯ маслиҳат додаанд, ки 300 сомонӣ арзиши либоси ягонаи мактабиро давоми се моҳи оянда, яъне ҳар моҳ 100 сомонӣ аз маошаш пардохт кунад. Вай гуфт, “ҳамин ҳел машварат доданд. Бо вуҷуди доштани либос, бояд либоси ягонаи мактабиро, ки пешбинӣ шудааст, харидорӣ кунем.”

Сайфулло Лутфуллозода – муовини сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон – рӯзи 4 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҷорӣ шудани либоси ягона барои омӯзгорони ноҳияи Бохтар изҳори бехабарӣ кард. Лутфуллозода аз қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм дар чанд соли пеш ёдоварӣ кард, ки ба омӯзгорон танҳо тавсия дода шуда буд, ки куртаву шиму костюм пӯшанд.

Бо ин вуҷуд, дар 63 мактаби ноҳияи Бохтар ба манзури ҷорӣ кардани либоси махсуси мактабӣ барои 2 ҳазору 600 омӯзгор маъракаи чен кардани қаду андом идома дорад. Либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ аст ва онҳо барои харидани либоси ягона аз 170 то 270 сомонӣ харҷ мекунанд.