Мақомоти Хуҷанд дастури ҷорӣ кардани либоси ягона барои тамоми занҳои фурӯшанда дар ин минтақаи кишварро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи мақомот, агарчӣ рангу навъи матои либос метавонад гуногун бошад, аммо яксон будани он барои ҳамаи кормандони як бозор ё мағозаву фурӯшгоҳ ва барои занон бастани сарбанди якхелаи сафед, ҳатмист.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Хуҷанд ахиран дар мулоқот бо сокинони яке аз маҳаллаҳои маркази вилояти Суғд гуфт, ин тасмим ба хотири "риояи талаботи санитариву эстетикӣ" ва ин, ки “фурӯшанда аз харидор фарқ кунад”, гирифта шудааст. Вале дар ҳоли ҳозир фурӯшандаҳои бозору фурӯшгоҳҳо умдатан либоси дилхоҳи худро дар бар мекунанд ва наметавон аз рӯи либос байни онҳову харидорон фарқ гузошт.
Ҷаноби Аҳмадзода афзуд: "Дар бораи либоси ягона ба бар кардани кормандони бозору марказҳои савдо, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, амри мо ҳаст. Ҳоло ин амр дар соҳаҳои тиббиву маориф ба иҷро расидааст, вале дар бозору муассисаҳои дигари савдо камбудиҳо зиёд аст ва бисёр фурӯшандагон бо либоси худ ба харидор фарқ намекунанд. Бинобар ин дастур додем ва шахсони масъул кор мебаранд.”
Раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи либоси ягона ба бар намудани фурӯшандаҳо ҳанӯз моҳи июни соли гузаштаи 2015 амр дода буд. Вале то ҳол ба ҷуз чанд ба истилоҳ “супер-мағоза”, фурӯшандагони дигар бозору мағоза ва фурӯшгоҳҳо ҳанӯз либоси хоси корӣ дар бар накардаанд.
Мағозаи “Ҳоҷӣ Абдулазиз” дар майдони Регистони Хуҷанд аз камшумор марказҳои тиҷоратиест, ки фурӯшандагони умдатан занонаш либосҳои ягонаи яксон доранд.
Маъмурияти бозори "Панҷшанбе", бузургтарин фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ дар Хуҷанд, ҳанӯз чанд моҳ қабл нахустин тарҳи либоси ягонаро таҳия кардааст.
Ҳоло ду тарҳи либоси ягона барои занон ва мардони фурӯшандаро муаррифӣ кардаанд, ки ин либосҳо аз пешдоман ва сарбанди сафед барои занон ва кабуд барои мардон иборатанд. Инчунин, фурӯшандаҳо нишон ё рамзи бозори “Панҷшанбе”-ро бо худ хоҳанд дошт. Маъмурияти бозор мегӯянд, ки ин тарҳҳо дар оянда такмил хоҳанд шуд.
Қабл аз ин, шаҳрдории Хуҷанд дар аввалҳои соли 2015 фурӯши либосҳои сиёҳи занона ва ба истилоҳ "эронӣ"-ву "афғонӣ"-ро чун либоси ба миллати тоҷик "бегона" нораво дониста, ҳамчунин бо чунин либосҳо машғул шудани занон ба кори савдоро манъ карда буд. Ҳоло чунин навъи либосҳо аз дӯконҳои "Панҷшанбе" барчида шуда, занҳои фурӯшандаи сатрпӯш низ дигар ба назар намерасанд.
Дар соли 2007 вазорати маорифи Тоҷикистон дастурамали либоси ягонаи мактабиро қабул намуд ва онро “ба хотири аз байн бурдани фарқи либоспӯшии байни кӯдакони табақаҳои дорову нодор ва сар задани ихтилофу нофаҳмиҳо” дар мактабҳо ва “ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, ки зери падидаи сатру ҳиҷобӣ исломӣ дар кишвар паҳн шудааст”, унвон карда буд. Дар пайи он соли 2009 либосҳои тавсиявӣ барои омӯзгорон ба тасвиб расид.