Сайҳун - шаҳри нав барои 250 000 нафар дар канори Хуҷанд

Дар дашти Сомғори Суғд шаҳри наве бо номи Сайҳун бунёд мешавад, ки 250 ҳазор нафарро бо замину манзил таъмин хоҳад кард. Мақомот мегӯянд, афзоиши аҳолӣ барои бунёди шаҳр сабаб шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохтмони шаҳри нав бо номи Сайҳун дар 9-километрии Хуҷанд шурӯъ кард, ки беш аз 40 ҳазор хонавода ваё зиёда аз 250 ҳазор нафарро бо манзилу замин таъмин хоҳад кард. Сайҳун номи қадимии рӯди Сир аст, ки аз Хуҷанд гузашта, ин шаҳрро ба соҳилҳои чапу рост тақсим мекунад.

Мақомот мегӯянд, шаҳри навбунёд дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ буда, нахустин шаҳри навбунёд дар тӯли 24 соли истиқлолияти давлатист. Санги асоси бархе аз биноҳои баландошёнаи ин шаҳри навро субҳи 24 март Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гузошт, ки бо сафари чоррӯза дар Суғд қарор дорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, афзоиши аҳолӣ дар Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Қайроққум, Чкалов ва Мастчоҳ сабаб шудааст, то ба сохтмони шаҳри Сайҳун шуруъ кунанд. Ин манбаъ мегӯяд, “ҳоло аҳолии ин шаҳру навоҳӣ ба зиёда аз 700 000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин, аз ҷумла бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст."

Дар шаҳри Сайҳун 19 микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ низ бунёд хоҳанд шуд.

Ин мавзеъ 14 000 гектар заминҳои хушку ташналаб доштааст, ки ҳоло мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мардуми афроди дорову соҳибкорон даъват кардааст, дар бунёди шаҳри Сайҳун, боғу токзори атрофи он, корхонаю муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ фаъол бошанд.

Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни бунёди шаҳри нав беш аз 50 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад шуд, ки муҳоҷирати кории сокинон ба хориҷро коҳиш медиҳад. “Ҳоло танҳо корҳои роҳсозӣ, чароғонкунӣ ва бунёди дигар зербинои заминӣ беш аз 320 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд”,-навиштааст торнамои расмии раисиҷумҳур.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳам мегӯяд, аз ҳоло 500 сокини ин шаҳр дар минтқаи Сайҳун соҳиби замин шуда, барои бунёди шаҳри нав камар бастаанд. Ӯ гуфт, заминҳои Сайҳун ба таври рамзӣ асосан миёни сокинони Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим шуда, ҳар каси ниёзманд ба манзил аз он ҷо соҳиби замин хоҳад шуд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон пайдо кардани қитъаи замин барои бунёди манзили зист мушкил шуда, бозори фурӯши заминро гарм кардааст. Ҳатто раисиҷумҳур дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният додситонҳо ва дигар мансабдоронро ба он айбдор карда буд, ки аз мақомоти маҳаллӣ бо фишор қитъаи замин тамаъ мекунанд ва ҳатто 4 раиси ҷамоат аз тарси таъқиби онҳо ба Русия фирор кардаанд.