Субҳи имрӯз, душанбеи 28 июл ҳазорон нафар дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намози иди Фитр ё Рамазонро гузоштанд.
Теъдоде аз ходимони пулис барои таъмини амнияти намози идона ва гуфта мешавад ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди кӯдакону ҷавонони ноболиғ ба намоз сафарбар шуд ва намозгузорон қабл аз ворид шудан ба масҷиди марказии Душанбе аз санҷиши амниятӣ гузаштанд. Мақомоти шаҳр низ дар ин маросим ҳузур доштанд ва дар назди намозгузорон суханронӣ карданд.
М. Убайдуллоев: "Шукури Худованд ва истиқлоли кишварро кунед!"
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, чун идҳои гузашта ба табрики намозгузорон дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳвари суханронӣ ва паёми шахси дуввуми Тоҷикистон ба гуфтаҳо ва фармудаҳои ҳазрати Худованд, ҳадисҳои паёмбари Ислом - Муҳаммади Мустафо саллалоҳу алайҳи васаллам ихтисос дошт ва хитоб ба намозгузорон гуфт, ки "Шукронаи Худованд ва неъматҳои он зоти пок ва истиқлоли Тоҷикистонро кунед!"
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Маҳмадсаид Убайдуллоев, "дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир маҳз бадгумонӣ нисбати шахсиятҳо, мақомоту сохторҳои ҷамъиятиву давлатӣ, сабаби ба миён омадани низоъ ва фитнаҳо гардида, дар натиҷа мардуми бегуноҳ ва ҳатто давлатҳои рӯ ба инкишоф ба шикасту тороҷ мувоҷеҳ гардидаанд."
Ба гуфтаи ҷаноби Убайдуллоев, "бо вуҷуди ин қадар таъкидҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои ҷаноби Расуллулоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам, ин ҳолатҳои даҳшатбор имрӯзҳо низ дар кишварҳои исломӣ миёни мусалмонон бештар ба назар мерасад."
Шаҳрдори Душанбе бо ишора ба талошу иқдомоти ҳукумати кишвар ва ҳукумати шаҳри Душанбе барои таъмини ҳуқуқ озодиҳои сокинон, ба хусус мусалмонон таъкид кард, ки дар арафаи иди Фитр дар шаҳри Душанбе ду масҷиди ҷомеъ бо шароиту имконоти муосир бунёд гардид ва сохтмони ду масҷиди дигар ҷараён дорад.
Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз идомаи сохтмони бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе ёдовар шуд, ки ин ҳама ба гуфтаи ӯ, барои таъмини ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандон ва эътиқодоти виҷдонӣ ва дини онҳо равона гардидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди шаҳрдори Душанбе, "падару бобоёни мо дар замони худ аз рафтан ба масҷид метарсиданд, чӣ расад барои бунёди масҷид."
"Имомҳо, аз фитри рӯза худдорӣ кунед!"
Маҳмадсаид Убайдуллоев додани фитри рӯза ва закотро аз фаризаҳои дини мубини ислом ва ба хусус моҳи шарифи Рамазон дониста ва таъкид кард, ки қабл аз иди Фитр дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ тасмим шудааст, ки имомҳои масоҷиди пойтахт аз гирифтани фитри рӯза худдорӣ кунанд ва он ба камбизоатону ниёзмандон дода шавад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Убайдуллоев, "дар навбати худ ниёзмандону камбизоатон дар ивази фитри рӯза дуои хайр мекунанд, ки баракати шахси дороро зиёда хоҳад кард."
Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе гуфт, ки дар чорчӯби омодагиҳо барои таҷлили иди Фитр дар чанд рӯзи ахир дар 72 гӯшаи пойтахт ярмарка - фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия аз қабили гӯшт, орд, шакар, биринҷ ва ғайра бо нархи арзон доир карда шуд ва дар ин муддат ҳудуди 42 тонна гӯшт ворид гардид, ки нархи ҳар як килои он ба 30 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Боло бурдани фарҳанги шаҳрдорӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба боло бурдани фарҳангу ахлоқи шаҳрдорӣ таъкид кард ва гуфт, ки имсол 90 солагии шаҳрдории Душанбе таҷлил мешавад ва ҳамчунин гиромидошти 700 солагии мутафаккири бузурги Шарқ - Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва 600 солагии шоири форсу тоҷик - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ сурат мегирад.
Инчунин ба таъкиди ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯзҳои 11-14 сентябр дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад, ки бояд фарҳангу ахлоқи шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ дар меҳвари фаъолияти сокинон қарор бигирад ва саҳми худро бирасонанд.
Пас аз суханронии Маҳмадсаид Убайдуллоев, намози иди Фитр соати 7.20 дақиқа бо имоматии Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимнан, моҳи Рамазон, ки давоми сӣ рӯз рӯзадорон аз нӯшидану хӯрдан ва қаробати ҷинсии рӯзона худдорӣ меварзанд, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон густариши бештар меёбад. Баъд аз намози ид мардум ба аёдати беморону калонсолон ва низ зиёрати оромгоҳи гузаштагони худ мераванд. Дар рӯҳияи онҳо таъсири ид ва шодиҳои он эҳсос мешавад.
Абуносир Шарифзода, як сокини пойтахт мегӯяд, ҳар ид ҳатман ба манзили охирати наздиконаш меравад, то ба арвоҳи онҳо фотиҳа бихонад. Зимнан, барои таҷлили беҳтар аз иди Рамазон расм шудааст, ки дар хонаводаҳо бонувон дастархонаи идона ороста, рӯи хонро бо анвои ғизо пур мекунанд. Ба кӯдакон, ки "Ид муборак!" гӯён ба дари ҳар хонадон меоянд, идона, аз қабили ширинӣ медиҳанд.
Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991-ум, давлат рӯзҳои баргузории идҳои мазҳабӣ, бахусус иди Фитр ва иди Қурбонро таътил эълом карда ва аз он замон ба ин сӯ ин идҳо бошукӯҳ ва бо ширкати иддае аз мақомҳои давлатӣ баргузор мешаванд.