Гардиши нав дар парвандаи Исмоилов

Додситонӣ дар анҷоми тафтиши аввалияи парвандаи рӯзноманигор - Муҳаммадюсуф Исмоилов алайҳи вай иттиҳоми нави “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” пешниҳод кардааст.
Додситонӣ дар анҷоми тафтиши аввалияи парвандаи рӯзноманигор - Муҳаммадюсуф Исмоилов алайҳи вай иттиҳоми нави “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” пешниҳод кардааст.Ин дар ҳолест, мақомот замони боздошти дубораи ин рӯзноманигор дар охири моҳи июни соли равон эълон дошта буданд, ки ин навбат дастгир шудани Исмоилов ба фаъолияти касбии вай рабте надорад. Вай бо арзи як хонум ва вақти бо таҳдиди чопи мақолаи бадномкунанда аз вай каме пул гирифтан дастгир шуда аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гардиши нав дар қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов



Вакили дифои Исмоилов Фахридин Худойбердиев ба Озодӣ гуфт, додситонӣ зерҳимояашро баъд аз боздошт аввал танҳо бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ”, мутобиқи қисми 1-и моддаи 150–и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор кардааст. Сипас ба он иттиҳоми нави “қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” ва ҳамакнун қисми дигари ин модда -“қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ”-ро низ илова кардааст.

Ҳамин тавр, ба таври ғайримустақим ҳам бошад, билохира мақомоти тафтиш эътироф доранд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов то замони дастгир шуданаш ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буд.

Вай давраи тафтиши парванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Ба гуфтаи Худойбердиев, Исмоилов замони наздик ба боздошташ мақолаи “Ура! Президент ба Ашт меояд” ва ба гуфтаи як манбаи дигар, мақолаи дигари “Ашт Африка мешавад”-ро замони наздик ба боздошташ ба нашр расонидааст. Дар ин мақолаҳо, ки гуфта мешавад яке дар рӯзномаи "Имрӯзнюс" дигаре дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" нашр шуда буд, мақомоти пешинаи ноҳияи Ашт барои фаъолияти суст ва харобии роҳҳову муасссисаҳои иҷтимоии маҳал зери танқиди шадид гирифта шудааст.

Ба бовари бархе афроди огоҳ аз қазия, ин мақолаҳои интиқодӣ ба зери назора гирифтану боздошти дигарбораи рӯзноманигор - Исмоилов сабаб шудааст.

Тафтиши парвандаи Исмоилов, ба гуфтаи вакили дифоъаш Худойбердиев, алакай анҷом ёфта, ба зудӣ ба додгоҳ меравад.

Рӯзи 14-уми октябри соли 2011 додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори вақти "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад. Баъдан додгоҳи вилояти Суғд Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима озод кард, вале манъи фаъолияти хабарнигорӣ барои се сол дар ҳукми ӯ боқӣ монда буд.