Пешсафии ҳизби нахуствазир дар интихоботи порлумонии Ҳолланд

Тибқи натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумонӣ дар Ҳолланд, ҳизби муҳофизакори "Мардум барои озодӣ ва демократия"-и нахуствазир Марк Рютте, пешсаф аст. Ин ҳизб тавонистааст, ҳадди ақал 31 курсӣ аз 150 курсии парлумонро аз худ кунад. "Ҳизби озодӣ" ба раҳбарии Герт Вилдерс бо ба даст овардани 19 курсӣ, дар мақоми дувум қарор дорад.

Аҳзоби демократӣ-масеҳӣ ва Д-66 низ ҳар кадом 19 курсии парлумонро аз худ кардаанд. Беҳтарин натиҷа нисбат ба давраи қабл ба Ҳизби сабзи Ҳолланд рабт мегирад. Ин ҳизб тавонистааст 16 курсӣ дар парлумон ба даст биорад, ки нисбат ба давраи қаблӣ 12 курсӣ бештар аст. Мизони мушорикати мардум дар интихоботи порлумонии Ҳолланд 82 дарсад эълон шудааст. Ҳизби "Озодии ҳайвонот" низ 3 дарсади райъи мардумро ба даст овардааст.

Герт Вилдерс -- раҳбари "Ҳизби озодӣ"-и Ҳолланд хостори бастани масҷидҳо ва мадрасҳои исломӣ, манъи фурӯши Қуръон ва мамнӯияти вуруди муҳоҷирони мусалмон ба ин кишвар аст.

Пас аз интихоботи Бритониё, ки мардум ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо раъй доданд, ин нахустин интихобот дар Иттиҳодияи Аврупо аст, ки аҳзоби зидди иттиҳодия умедвор буданд битавонанд дар сурати пирӯзӣ, аз он хориҷ шаванд. "Ҳизби озодӣ"-и Герт Вилдерс ваъда дода буд, ки роҳи берун шудани Ҳолланд аз Иттиҳодияи Аврупоро дар пеш хоҳад гирифт.

Моҳи оянда дар Фаронса интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва Ҷабҳаи миллӣ бо шиорҳои зидди Иттиҳодияи Аврупо ва зидди муҳоҷирон, дар ин интихобот вориди рақобат мешавад. Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Олмон интихоботи парлумонӣ доир мешавад. Аҳзоби дастиростӣ дар Аврупо пас аз Брекзит ва интихоби Доналд Трамп ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико, ҷон гирифтаанд ва умедворанд битавонанд натиҷаҳои хубе дар интихобот ба даст оваранд.

Герт Вилдерс, раҳбари Ҳизби Озодии Ҳолланд

Герт Вилдерс, раҳбари "Ҳизби озодӣ"-и Ҳолланд хостори бастани масҷидҳо ва мадрасҳои исломӣ, манъи фурӯши Қуръон ва мамнӯияти вуруди муҳоҷирони мусалмон ба ин кишвар аст. Дар муқобил Марк Рютте, нахуствазир ва раҳбари ҳизби муҳофизакори озодӣ ва демократия гуфта буд, ки ин интихобот фурсате барои "шикаст додани навъи ғалати популизм" аст.

Пеш аз интихобот назарсанҷиҳои ҳикоят аз он дошт, ки ҳизби муҳофизакори Озодӣ ва демократияи нахуствазир 17 дарсад (24 то 28 курсӣ) ва ҳизби ростгарои озодӣ 14 дарсад (12 то 13 курсӣ) раъй ба даст меоранд. Ҳизбҳои асосии Ҳолланд гуфтаанд, ки бо ҳизби Герт Вилдерс эътилоф нахоҳанд кард. Ин ба он маъно аст, ки ин ҳизб ба эҳтимоли зиёд нахоҳад тавонист ҳукуматро дар ихтиёр бигирад.

Пуштибонӣ аз аҳзоби умдатан рости миёна ва чапгаро дар солҳои ахир коҳиши чашмгире ёфтааст. Ин аҳзоб дар даҳаи 80-мелодӣ беш аз 89 дарсади орои интихобкунандагонро аз худ карданд, аммо ҳамакнун тибқи назарсанҷиҳо ҳоло танҳо 40 дарсадро ба худ ихтисос додаанд. Дар солҳои ахир ҳизбҳои хурд дар Ҳолланд ташкил шудаанд ва интизор меравад то 15 ҳизб битавонанд дар порлумон соҳиби курсӣ шаванд.