Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷ гирифтани ҷанҷоли Туркияву Ҳолланд (ВИДЕО)


Ҳолланд ба вазири умури хориҷии Туркия имкон надод, барои суханронӣ ба ин ҳамоиш дар Роттердам биёяд.
Ҳолланд ба вазири умури хориҷии Туркия имкон надод, барои суханронӣ ба ин ҳамоиш дар Роттердам биёяд.

Нерӯҳои пулиси Ҳолланд ҳамоиши садҳо нафар аз тарафдорони Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркияро аз назди консулгарии ин кишвар дар шаҳри Роттердам пароканда карданд.

Хабаргузории Франс Пресс рӯзи 12-уми март гузориш дод, ки теъдоди зиёди маъмурони пулиси Ҳолланд, аз ҷумла маъмурони аспсавор бо истифода аз мошинҳои обпош бо ҳаракат ба самти гирдиҳамомадагон ба парокандаи кардани онҳо шурӯъ карданд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ҳамоиш ором буд, вале ҷамъомадагон бисёр асабонӣ ба назар мерасиданд.

Таҳаввулоти субҳи рӯзи 12-уми март, ба танишҳои лафзӣ байни ҳукумати Туркия ва Ҳолланд афзуд. Моҷаро байни ду тараф баъд аз он шурӯъ шуд, ки мақомоти Ҳолланд ба ду вазири Туркия иҷоза надоданд, дар гирдиҳамоии тарафдорони раъйпурсии моҳи оянда дар Туркия ширкат кунанд.

Биналӣ Йилдирим, гуфт кишвараш ба Ҳолланд "ҷавоби тунд" медиҳад.
Биналӣ Йилдирим, гуфт кишвараш ба Ҳолланд "ҷавоби тунд" медиҳад.

Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия рӯзи 12-уми март дар шаҳри Анкара гуфт, ки Туркия ба амалкарди Ҳолланд бо “шеваҳои тундтарин” посух медиҳад. Дар баёнияи нахуствазир омадааст, “Мо аз тарафи худ бо сахттарин шева эътироз кардем ва ба мақомоти Ҳолланд расондем, ки посухи мо бисёр тунд мешавад. Мо ба ин гуна рафтори ғайриқобили қабул посух медиҳем.”

Мақомоти Ҳолланд мисли мақомоти дигар кишвар ва шаҳрҳои Аврупо ба гирдиҳамоӣ бо ширкати сиёсатмадорони баландпояи Туркияро, ки мехостанд, мардумро ба раъйдиҳӣ дар раъйпурсии моҳи оянда ташвиқ кунанд, иҷоза надоданд. Ҳадаф аз ин раъйпурсӣ тақвияти салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Туркия аст.

Шоми 11-уми март, мақомоти шаҳри Роттердам нагузоштанд, ки Фотима Бетул Сайан Кая, вазири умури оилаи Туркия ба назди консулгарии ин кишвар рафта дар назди гирдиҳамоии турктаборони тарафдори ҳукумат суханронӣ кунад.

Шаҳрдори Роттердам гуфт, вазири туркро, ки аз Олмон бо мошин омада буд, ба ҳамонҷо баргардонданд. Фотима Кая рӯзи 12-уми март дар Твиттер навишт, ки ӯро ба шаҳри Ниймеген дар марзи Олмон овардаанд.

Ҷамъомади тарафдорони Эрдуғонро парокарда карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

“Тамоми ҷаҳон бояд ба зидди ингуна рафтори фашистона иқдом кунад! Ингуна муносибат бо вазири зан қобили қабул нест”- навиштааст, ӯ дар саҳифааш дар Твиттер.

Чанд соат пештар аз ин ҳукумати Ҳолланд ба ҳавопаймои Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия иҷозаи фуруд надод, чун ба гуфтаи ҳукумат сафари Човушоғлу метавонист “барои назму амнияти ҷомеа хатар эҷод кунад”. Мавлуд Човушғлу ҳам мехост, дар шаҳри Роттердам дар гирдиҳамоии турктаборон суханронӣ кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия аз ин амалкарди ҳукумати Ҳолланд ба хашм омада ва таҳдид кард, ки ба дипломатҳои ҳолландӣ ҳамингуна посух медиҳанд. Ӯ ҳолландиҳоро “боқимондаҳои фашистон” ва “фашист” номид.

Марк Рутт, баёнияи Эрдӯғонро "девонавор" номид.
Марк Рутт, баёнияи Эрдӯғонро "девонавор" номид.

Марк Рутт, нахуствазири Ҳолланд, рӯзи 11-уми март ба хабарнигорон гуфт, ки баёнияи “девонавори” Эрдӯғон “хориҷ аз ҳама чаҳорчӯбаҳост.” Марк Рутт афзуд, хашми мақомоти Туркияро дарк мекунад, вале “ҳукумати Ҳолланд тамоми корро мекунад, то ҳамкориҳо бо Туркияро ба ҳадди мумкин хуб ва ба ҳадди мумкин қавӣ нигаҳ дорад.”

Вале гуфт ӯ, “Албатта имрӯз дар муносибати Туркияву Ҳолланд рӯзи хубе нест.”

Шоми 11-уми март, мақомоти Туркияву Ҳолланд ба дипломатҳои ҳарду кишвар иҷоза надоданд, ки ба намояндагиҳои дипломатиашон ворид шаванд. Вазорати умури хориҷии Туркия шоми ҳамон рӯз гуфт, ки намехоҳад, то сафири Ҳолланд дар Анкара, ки дар рухсатӣ аст, “барои муддате ба Туркия баргардад.”

Мақомоти вазорат гуфтанд, сафорати Ҳолланд ва консулгарӣ дар Анкара, қароргоҳҳои сафир, кордори сафорат ва консули генералӣ “ба сабабҳои амниятӣ” баста шудаанд.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Туркия омадааст, “Ба ҳамкоронамон шарҳ додем, қарори сангине, ки ба зидди Туркия ва ҷомеаи туркҳо дар Ҳолланд қабул шуд, аз назари дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва дар дигар арсаҳо мушкилоти ҷиддӣ меофарад.”

Мавлуд Човушоғлу
Мавлуд Човушоғлу

Ҳавопаймои Мавлуд Човушоғлу шоми 11-уми март дар шаҳри Парижи Фаронса фуруд омад ва қарор аст, ӯ дар як гирдиҳамоии рӯзи 12-уми март суханронӣ кунад.

Сиёсатмадорони турк мехоҳанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ дар Аврупо барои қабули ислоҳот ба Қонуни асосӣ раъйи туркҳои хориҷ аз кишварро ба даст биёранд. Дар сурати қабули ислоҳот дар раъйпурсии рӯзи 16-уми апрел, салоҳиятҳои Раҷаб Тайиб Эрдӯғон зиёд ва салоҳиятҳои порлумон кам мешавад.

Муносибатҳои Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо баъди табаддулоти нофарҷоми давлатӣ дар Туркия дар моҳи июли соли гузашта ба сардӣ гароид. Саркӯби оммави мухолифони давлат дар Туркия баъди ин табадуллоти нофарҷом сабаби танқиди ҳукумати ин кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG