Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу таҳдид кард, ки барои ҳамлаи маргборе, ки боис ба кушта шудани 12 ҷавон дар Баландиҳои Ҷулони ишғолшуда гардид, посухи “сахте” хоҳад дод.
Исроил ва Амрико дар ин ҳамла ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро гунаҳкор кардаанд, ки мавриди ҳимояти Эрон мебошад.
Рӯзи 29-уми июл, зимни боздид аз макони ҳамлаи мушакӣ дар шаҳраки Маҷд-ал-Шамс, Нетаняҳу гуфт: “Давлати Исроил инро ҳамин тавр намегузорад. Посухи мо хеле қавӣ хоҳад буд”.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дипломатҳо дар талоши пешгирӣ аз тавсеаи хушунатҳо миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон мебошанд.