Нетаняҳу: Дар Эрон ҷое нест, ки дасти Исроил ба он нарасад

Бенямин Нетаняҳу, 27-уми сентябри 2024

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ба душмани ашаддияш – Ҷумҳурии Исломии Эрон – ҳушдори сахте дод. Вай рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Эрон "ҷое нест", ки дасти Исроил ба он нарасад.

Бо шурӯи суханронии Нетаняҳу, намояндагони Эрон ва чанде аз ҳайатҳои дигар ба нишони эътироз толори Маҷмаи Умумии СММ-ро тарк карданд. Аксари онҳое, ки дар онҷо монданд, ё каф мекӯфтанду истиқбол мегирифтанд ва ё хашмгину асабонӣ буданд.

Дар ҳамин рӯз нерӯҳои исроилӣ ба зидди ҷангҷӯёни "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон ҳамлаи нав оғоз кардаанд. Ин гурӯҳ аз пуштибонии Эрон бархӯрдор аст, вале Амрико онро созмони террористӣ медонад. Артиши Исроил гуфт, ба қароргоҳи "Ҳизбуллоҳ" дар канори Зоҳияи Бейрут зарба зад. Телевизиони Исроил хабар дод, ки Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ", ҳадаф қарор гирифтааст, ҳарчанд дар бораи макони будубоши ӯ ҳеч иттилоъ дастрас нест.

Қабл аз Бенямин Нетаняҳу сухангӯён аз Словения ва Покистон дар Маҷмаи Умумӣ хоҳони қатъи ҷанг дар Навори Ғазза шуданд. Исроил аз моҳи октябри соли 2023 дар онҷо ба зидди гурӯҳи “Ҳамос” меҷангад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд.

Сарвазири Словения Роберт Голоб мушти худро ба минбар заду гуфт, ки "ҷаноби Нетаняҳу, ин ҷангро ҳамин ҳоло бас кунед!" Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ҷангро дар Ғазза "куштори мардуми бегуноҳи Фаластин" хонд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ният надошт, ки имсол дар нишасти Маҷмаи Умумӣ ширкат ва суханронӣ кунад. “Аммо пас аз шунидани дурӯғу туҳматҳои зиёд аз сухангӯён алайҳи кишварам, тасмим гирифтам, ки ба ин ҷо омада, ҳақиқатро баён кунам," – афзуд ӯ.

Пас аз он Нетаняҳу зуд тамаркузи худро ба сӯйи Эрон равона кард ва Ҷумҳурии Исломиро ба “ташкил”-и сар задани хушунат дар Ховари Миёна гунаҳкор кард. Ӯ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, "ман ба ҳокимони ситамгари Теҳрон паём дорам: Агар ба мо зарба занед, мо ҳам ба шумо зарба хоҳем зад. Дар Эрон ҷое нест, ки дасти Исроил ба он нарасад ва ин ба тамоми Ховари Миёна дахл дорад.”

Нетаняҳу гуфт, Шӯрои Амнияти Созмони Милал бояд дигарбора ба зидди Теҳрон таҳримҳо ҷорӣ кунад, то Ҷумҳурии Исломиро аз даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ боздорад. Вай афзуд, Исроил дар навбати худ ҳама корро мекунад, то ин нақшаро комилан аз байн бибарад. “Мо худамонро дифоъ мекунем, аммо ҳамзамон шуморо аз душмани муштараке дифоъ мекунем, ки ба воситаи хушунату терроризм мехоҳад, зиндагии моро хароб кунад,” – гуфт ӯ бо ишора ба Эрон.

Нетаняҳу дар ҳоле суханронӣ кард, ки Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва ҳампаймонҳои дигари ғарбияш хоҳони оташбаси 21-рӯза дар сарҳади Исроилу Лубнон шуданд. Ҷое, ки ҳафтаи ҷорӣ ба сабаби ҳамлаи Исроил ба он чи ҳадафҳои “Ҳизбуллоҳ”-и таҳти ҳимояти Эрон дар Лубнон донист, шиддат гирифтааст.

“Ҳизбуллоҳ” як гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳизби сиёсист, ки қисми зиёди ҷануби Лубнонро зери назорат дорад. Ин гурӯҳ, ки ба гуфтаи мақомоти Исроил тайи як соли охир ба қаламрави ин кишвар ҳазорон мушак сар дод, аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида созмони террористӣ эътироф шудааст. Иттиҳоди Аврупо ҷиноҳ ё қаноати низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст, на ҳизби сиёсияшро. Ҳизби сиёсии “Ҳизбуллоҳ” дар порлумони Лубнон соҳиби курсист.

Исроил рӯзи 27-уми сентябр гуфт, қароргоҳи марказии “Ҳизбуллоҳ”-ро дар ҷануби Бейрут нишон гирифт. Ин хабар дар пасманзари гузоришҳо дар бораи чанд таркиш дар минтақа расид. Телевизиони "Ал-Манор"-и “Ҳизбуллоҳ” хабар дод, ки дар ин ҳамлаҳо камаш чаҳор бино вайрон шуда, талафоти зиёде ҳаст.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Лубнон, бар асари задухӯрдҳои сахт дар як ҳафтаи охир садҳо нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафари дигар овора гаштаанд. Вашингтон ҳушдор додааст, ки густариши доманаи муноқиша бозгашти ғайринизомиҳои ҳарду ҷонибро ба хонаҳояшон душвор мекунад. Кохи Сафед гуфт, пешниҳоди оташбас бо Исроил “ҳамоҳангшуда” аст, аммо дафтари Нетаняҳу мегӯяд, нахуствазир ба он вокуниш нишон надод.

Ҷанг дар Навори Ғазза баъд аз он сар шуд, ки нерӯҳои “Ҳамос” дар моҳи октябри соли 2023 бо ҳамла ба ҷануби Исроил 1200 нафарро куштанд ва ҳудуди 240 нафарро гаравгон гирифтанд. Исроил дар пайи ин ҳодиса ба ҳамлаи густурда алайҳи “Ҳамос” дар Ғазза шуруъ кард. Даргирӣ аз он замон идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар тақрибан як соли охир беш аз 40 ҳазор фаластинӣ кушта шуд.

Бенямин Нетаняҳу дар суханронияш дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал қавл дод, ки то “пирӯзии комил” мубориза хоҳад бурд.