Нерӯҳои Украина пули дуюмро дар Курск вайрон кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои Украина гуфтанд, пули дигареро бар фарози рӯдхонаи Сейм дар вилояти Курск задаанд. Видеояш нашр шуд. Ин пул дар наздикии деҳаи Званное дар ноҳияи Глушковский барои таъмини нерӯҳои Русия муҳим буд.

Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Украина Николай Олешук рӯзи 18-уми август гуфт, бо зарбаҳои дақиқ артиши Русияро "аз тавонмандиҳои ҳамлу нақл" маҳрум мекунанд.

Мақомоти Русия ин хабарро шарҳ надодаанд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз ин пеш, рӯзи 16-уми август, як пулро дар болои Сейм дар вилояти Курск вайрон карданд.

Баъд аз осеб дидани пули дуюм дар ноҳияи Глушковский танҳо як гузаргоҳ мемонад, ки барои интиқоли борҳои низомӣ ба артиши Русия кумак хоҳад кард.

Артиши Украина рӯзи 6-уми август ба қаламрави вилояти Курски Русия даромад. Аз он рӯз то кунун дар ин минтақа даргирӣ идома дорад. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина иддао доранд, ки даҳҳо маҳаллаи аҳолинишин, аз ҷумла маркази вилояти Суджаро зери назорат гирифтаанд.

Мақомоти Русия ин хабарро шарҳ намедиҳанд, аммо дар вилояти Курск вазъи фавқулода эълон шудааст. То ин дам беш аз 100 ҳазор нафар аз минтақа бароварда шудаанд. Кӯчондани аҳолӣ аз вилояти Белгород, ки бо Украина ҳаммарз аст, низ ҷараён дорад.