Нерӯҳои Русия ба шаҳри Покровск наздик шудаанд

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия ба шаҳри стратегии Покровск дар шарқи Украина наздик шудаанд.

Нашрияи "The New York Times" хабар дод, ки нерӯҳои Русия рӯзи панҷшанбе, 12-уми декабр, ҳамагӣ се километр дуртар аз канораҳои ҷанубии Покровск қарор доштанд.

Генерал Олександр Сирский, мақоми баландпояи артиши Украина, хоҳони таҳкими мудофеони Украина дар майдони набард алайҳи нерӯҳои таҷовузгари Русия шуд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, низ хост, ба минтақа нерӯҳои иловагӣ фиристанд. Вай рӯзи панҷшанбе барои мулоқот бо сарбозон ба хати ҷабҳа рафта буд.

Русия ҳамлаҳоро ба Украина дар ҳоле афзоиш додааст, ки талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг бештар шудааст.