"Нерӯҳои ОМОН ҳуҷҷатҳоро надиданд, вале ҳама ҷойро вайрон карданд"

Баъзе аз муҳоҷирон шикоят доранд, ки нерӯҳои вижаи полис дару тирезаи хобгоҳро шикаста, чизу чораашонро ба берун партофтаанд

Чанд корбари Радиои Озодӣ бо фиристодани аксу навор хабар доданд, ки нерӯҳои вижаи полиси Русия бе огоҳӣ ба хобгоҳи муҳоҷирон дар маркази Маскав даромада, "ҳуҷҷатҳоро насанҷиданд, вале ҳама ҷойро вайрон карданд".

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирон, ҳодиса рӯзи 28-уми август рӯй дод.

Ба нақли ӯ, ки ба сабаби дар ҳудуди Русия будан номаш фош намешавад, нерӯҳои вижаи пулис ё ОМОН "дару тирезаҳои биноро шикаста, ҷиҳозу либоси муҳоҷиронро ба берун партофтанд".

Дар ин хобгоҳ ҳудуди 600 муҳоҷири тоҷику узбек зиндагӣ мекардаанд.

"Ҳама санади қонунии буду бош дошт. Бархе он лаҳза дар кор буданд. Ҷиҳозу либоси муҳоҷирон зери вайронаҳо ва худи онҳо дар кӯча монданд," – нақл кард мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Вайрон кардани хобгоҳи муҳоҷирон дар ҳолест, ки онҳо чанд рӯз пеш пули якмоҳаи иҷораи биноро супоридаанд ва акнун касе маблағи онҳоро барнамегардонад.

Вазъи муҳоҷирон дар Русия пас аз ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар моҳи март бадтар шуд. Расонаҳои Русия пайваста аз тафтишу боздошти муҳоҷирони корӣ гузориш медиҳанд.

Муҳоҷирон шикоят доранд, к ибо вуҷуди доштани ҳуҷҷат озору азият мебинанд ва ё аз Русия ронда мешаванд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти интизомии Русия аз ин роҳ мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ кор мекунанд. Мақомоти Русия танҳо дар 6 моҳи гузашта аз ин кишвар 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.