Бино ба хабарҳо, рӯзи 29 апрел тарафдорони Русия дар шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина биноҳои ҳукумат, додситонӣ, пулис ва радиову телевизиони ин вилоятро тасарруф карданд.
Хабарҳои расида аз шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина ҳокист, ки рӯзи 29 апрел издиҳоми иборат аз беш аз 3000 нафар аз тарафдорони Русия ибтидо ба бинои ҳукумати вилоят рехта, шишаҳои биноеро, ки дафтари волии вилояти Луҳанск низ онҷост, шикастаанд ва воридаш шуданд.
Ба дунбол, ҷудоиталабон биноҳои додситонӣ, пулис ва радиову телевизииони ин минтақаи умдатан русзабонро ҳам ишғол кардаанд.
Маъмурони пулис ва амнияти маҳаллӣ монеи ҷудоиталабон нашудаанд ва кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов дар паи ҳодисаҳои Луҳанск дар бораи зарурати иваз кардани аксари раҳбарони ниҳодҳои интизомии кишвараш сӯҳбат кардааст.
Се ҳафта пеш низ ҷангиёни тарафдори Русия дар Луҳанск бинои бахши вилоятии СБУ - Хадамоти амнияти Украинаро тасарруф карданд. Раҳпаймоии рӯзи 29 апрел низ аз назди бинои СБУ оғоз ёфт.
Луҳанск, аҳолиаш 465 000 нафар, маркази вилояти ҳамном дар марз бо Русия буда, бештари аҳолиашро русзабонҳо ташкил медиҳанд.
Шойгу: Русия ба Украина ҳамла карданӣ нест
Вазири дифои Русия ҳамтои амрикоияшро итминони хотир дод, ки Маскав қасди таҷовуз ба Украинаро надорад. ИА рӯйхати 15 мансабдори таҳримшудаи Русияро нашр кард. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ҳамтои амрикоияш Чак Ҳейгелро итминони хотир дод, ки Русия ба Украина таҷовуз нахоҳад кард. Шойгу ва Ҳейгел рӯзи 28 апрел телефонӣ сӯҳбат кардаанд. Вазорати дифои Русия гуфт, Шойгу ҳамчунин ба Ҳейгел гуфтааст, нирӯҳои Русия баъд аз анҷоми машқҳо дар марзи Украина ба пойгоҳҳои худ баргаштанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин колр баъди он сурат гирифт, ки "мақомоти Украина эълон карданд, ки алайҳи мардуми бесилоҳ аз нирӯҳои низомӣ истифода нахоҳанд бурд."
Шойгу ҳамзамон фаъол шудани нирӯҳои Амрико ва НАТО дар наздикии марзҳои Русияро амре бесобиқа номид. Рӯзи 28 апрел ҳудуди 150 тан аз нирӯҳои Амрико барои ширкат дар машқҳои низомӣ ба Эстония омаданд. Ин бар изофаи 600 нафарест, ки Вошингтон баъди оғози бӯҳрони Украина ба Полша ва кишварҳои соҳили Балтик фиристодааст.
"Рӯйхати сиёҳ"-и Аврупо
Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29 апрел рӯйхати 15 мансабдори Русияро, ки ба далели даст доштанашон дар бӯҳрони Украина таҳти таҳримоти ахири ин созмон қарор гирифтанд, нашр кард. Ин рӯйхат аз ҷумла генерал Валерий Герасимов, фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия, генерал Игор Сергун, раҳбари ГРУ - идораи иктишофи низомии артиши Русия, муовини сарвазир Дмитрий Козак ва раҳбарони рӯ ба Русия дар Қрим ва шарқи Украинаро дар бар мегирад.
Кернес ба Исроил рафт
Шаҳрдори Харков Ҳеннадий Кернес барои табобат ба Исроил интиқол додаанд. Кернес рӯзи 28 апрел дар натиҷаи як сӯиқаасд дар ин дувумин шаҳри бузурги Украина аз пушташ тир хӯрд. Харков низ дар авоили моҳи апрел яке аз сангарҳои эътирозҳои тарафдорони Русия буд. Кернес ибтидо аз ҷудоиталабон ҳимоят мекард, вале баъдан ба тарафи ҳокимони кунунии Украина гузашт.
Ёрони наздики Путин дар "рӯйхати сиёҳ"-и Амрико
Амрико рӯзи 28 апрел дар посух ба рафтори Маскав дар Украина алайҳи 7 мансабдори аршади Русия ва 17 ширкати русӣ таҳримот ҷорӣ кард. Амрико рӯзи 28 апрел доманаи таҳримоташ алайҳи Русияро дар посух ба сисёати он кишвар дар Украина густариш дода, аз ҷумла алайҳи Игор Сечин, раиси ширкати давлатии "Роснефт" ва яке аз ёрони наздики раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, таҳримот эълон кард. Бастаи нави таҳримоти Амрико, ки гуфта мешавад, дар посух ба нақши "бебаҳс"-и Маскав дар ошӯбҳои ахир дар шарқи Украина эъмол мешаванд, дар маҷмӯъ 7 мансабдори баландпоя ва 17 ширкати Русияро дар бар мегиранд.
Кохи Сафед зимни эълони таҳримҳои нав гуфт, ду тан аз ин мансабдорони аршади таҳримшуда аз "атрофиёни наздик"-и Путин буда, ширкатҳои таҳримшуда низ ба афроди пурнуфуз рабт доранд.
Рӯйхати нави афроди таҳримшуда, ки вазорати дороии Амрико рӯзи 28 апрел нашр кард, ба ҷуз аз Сечин, ҳамчунин Дмитрий Козак, муовини сарвазири Русия ва масъули назорати барномаҳои рушди иқтисодии нимҷазираи Қрим баъди тасарруфи ин вилояти Украина аз сӯи Русия, Сергей Чемезов, раҳбари корпоратсияи давлатии "Ростехнлогии", яке аз дигар афроди хеле наздик ба Путин, ва Вячеслав Володин, муовини раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русияро дар бар мегирад.
Игор Сечин, муовини собиқи сарвазир, дар ҳоли ҳозир раҳбарии ширкати давлатии "Роснефт"-ро бар ӯҳда дошта, баъди Путин яке аз пурнуфузтарин афрод дар Русия ба шумор меравад.
Таҳримоти рӯзи 28 апрел бастаи севуми таҳримоти Амрико алайҳи Русия аз замони ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Маскав аст. Ин таҳримот манъи ироаи раводиди сафар ва бастани ҳисобҳои бонкии афрод ва дар қиболи ширкатҳо ҳамчунин эҷоди маҳдудиятҳои тиҷориро дар назар дорад.
Таҳримоти ахир Алексей Пушков, як вакили шинохтаи порлумони Русияро ҳам, ки бо интиқодҳояш аз Амрико маъруф аст, фаро мегирад. Вале бо вуҷуди тақозои вакилони Конгресси Амрико аз раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама, дар ин бастаи таҳримот исми "Газпром" - бузургтарин ширкати Русия нест.
Ба дунболи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 28 апрел дар нишасти Брюссел низ ҷиҳати эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Русия тавофуқ кардааст. Хабаргузориҳои ғарбӣ менависанд, таҳримоти Аврупо ин навбат 15 мақоми дигари Русияро дар бар хоҳад гирифт. Ин 15 тан бар иловаи беш аз 50 мақоми Русия аст, ки алакай ба "рӯйхати сиёҳ"-и Аврупо шомил шудаанд.
Барак Обама қаблан дар тавҷеҳи таҳримоти шадидтар зидди Маскав гуфт, бо вуҷуди тавофуқоти рӯзи 17 апрели Женева "Русия то имрӯз ба хотири коҳиш додани таниш дар шарқи Украина ҳатто ангушт ба ангушт назадааст."
Сӯиқасд ба ҷони шаҳрдори Харков
Шаҳрдори Харков - дувумин шаҳри бузурги Украина дар натиҷаи як сӯиқасд аз пушташ тир хӯрдааст. Ҳеннадий Кернес, ки ибтидо аз ҷудоиталабон ҳимоят мекард, ахиран ба тарафи ҳукумати кунунии Украина гузашта буд.
Шаҳрдори Харков, маркази вилояти ҳамном дар шарқи Украина рӯзи 28 апрел дар натиҷаи як сӯиқасд аз пушташ захмӣ шудааст. Дафтари матбуоти шаҳрии харков гуфт, як нафари ношинос зӯҳри 28 апрел ба Ҳеннадий Кернес ҳамла кардааст.
Кернеси 54-сола дар бемористони Харков ҷарроҳӣ мешавад ва ба гуфтаи дафтари матбуоташ, “табибон барои ҳаёти ӯ мубориза мебаранд.” Ҷузъиёти бештаре дар бораи ин сӯъиқасд ҳанӯз дастрас нест. Ҳеннадий Кернес дар оғоз аз эътирозҳои тарафдорони Русия дар шарқи Украина пуштибонӣ мекард, вале баъдан мавқеъи худро тағйир дод ва бештар аз ҳукумати рӯ ба Ғарби Украина ҳимоят кард.
Бино ба охирин хабари расида, амали ҷарроҳии шаҳрдори Харков 2 соат тӯл кашида, хуб анҷом ёфтаст, вале ба гуфтаи сухангӯяш, "ҳаёти ӯ ҳамоно таҳти хатар қарор дорад."
Харков баъди пойтахташ – Киев – дувумин шаҳри бузурги Украина ба шумор меравад. Вилояти Харков дар қатори Луҳанск ва Донетск аз вилоятҳои бештари аҳолиаш русзабони шарқи Украина аст, ки баъди суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар моҳи феврал шоҳиди мавҷи эътирозҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия шудааст.
Дар аввалҳои моҳи апрел ҷудоиталабони рӯ ба Маскав бинои ҳукумати вилояти Харковро низ тасарруф карданд, вале дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои давлатӣ мақомоти кунунии Украинаро ин биноро озод карданд.
Таҳаввулоти рӯзи 27 апрел: Раҳоии як нозири САҲА дар Словянск
Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шаҳри Словянск яке аз нозирони САҲА-ро, ки аз рӯзи 25 апрел дар боздошт қарор доштанд, раҳо кардаанд.Ҳайати музокиротии САҲА, ки рӯзи 27 апрел барои баҳси шароити раҳоии 8 нозири ин созмон ба шаҳри ошӯбзадаи Словянск дар шарқи Украина қарор дорад, ба раҳоии яке аз нозирон даст ёфтаааст. Яке аз хабарнигорони Ройтерс аз назди бинои ҳукумати Словянск, ки дар таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дорад, гузориш дода, ки се нафари бесилоҳ як мардро берун бароварда ба мошини "Ҷип"-и сафеди САҲА шинонданд ва ин мошин ба дунбол ҳаракат кардааст. Гуфта мешавад, ин нозир зоҳиран аз Шветсия аст ва ӯро ба далели вазъи саломатиаш озод кардаанд.
Қаблан "шаҳрдор"-и худхондаи Словянск Вячеслав Пономарёв нозирони боздоштшудаи САҲА-ро "ҷосусони НАТО" номид ва гуфт: ҳоло онҳо "асири ҷанг"-анд ва ҷудоиталабон омодаанд, нозиронро бо ҷудоиталабоне, ки аз сӯи мақомоти Украаина дастгир шудаанд, иваз кунанд. Дар ҳоли ҳозир боз 7 нозири САҲА дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Словянск боқӣ мемонанд.
Ғасби ТВ Донетск аз сӯи ҷудоиталабон
Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шаҳри Донетск, маркази вилояти ошӯбзадаи ҳамном дар шарқи Украина қароргоҳи телевизион ва радиои вилоятиро тасарруф карданд. Бино ба гузоришҳои расида, ҷудоиталабони тарафдори Русия, ки то кунун чанд бинои давлатӣ, бо шумули бинои ҳукумат ва порлумони вилояти аҳолиаш умдатан русзабони Донетск дар шарқи Украинаро тасарруф карда, “Ҷумҳурии мардумии Донетск”-ро таъсис додаанд, рӯзи 27 апрел парчами ин ҷумҳурии худхондаро бар боми қароргоҳи телевизион ва радиои вилоятӣ насб карданд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ҷудоиталабони ниқобпӯш ва мусaллаҳ бо калтаку сипарҳо дар даромадгоҳи бинои телевизион ва радио мустақар шуда, равуои мардумро назорат мекунанд. Дар дохили бино низ шумори зиёде аз ҷудоиталабони дар тан либоси низомӣ ба назар мерасанд.
Ҳамин тавр, субҳи 27 апрел тарафдорони Русия дар майдони марказии ба номи Владимир Ленини шаҳри Донетск бо талаби баргузории референдум дар масъалаи таъсиси низоми федеролӣ дар Украина раҳпаймоӣ карданд.
Вилояти Донетск яке аз марказҳои асосии ошӯбҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия аст, ки аз оғози моҳи апрел шарқи Украинаро фаро гирифтаанд. Бино ба хабарҳо, дастикам 8 шаҳри ин вилоят пурра ё қисман таҳти назорати ҷудоиталабон гузаштааст.
Мақомоти кунунии Украина бар ин боваранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи ин кишвар аз тарафи Русия ҳидоят ва ташвиқ мешавад. Бовар меравад, дар байни афроди силоҳбадасте ки биноҳои давлатиро дар вилоятҳои шарқии Украина тасарруф кардаанд, нирӯҳои Русия ҳам ҳастанд. Аз ҷумла онҳое ки алакай таҷрибаи тасарруфи биноҳои давлатӣ дар нимҷазираи Қримро доранд. Русия дар моҳи март ин нимҷазираро ишғол ва алорағми эътирозҳои Киев ва кишварҳои Ғарб бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Нозирони САҲА - "асирони ҷанг"?
Дар ҳамин ҳол, авзоъ дар шаҳри Словянски вилояти Донетск ҳамчунон буғранҷ боқӣ мемонад. Рӯзи 25 апрел дар ин шаҳр як гурӯҳи нозирони низомии САҲА боздошт шуданд. Ҷудоталабон рӯзе баъд боздоштшудаҳоро “ҷосусони НАТО” эълон карда, гуфтанд, ки розианд, то онҳоро бо ҳамсангарони аз сӯи мақомоти Украина боздоштшудаашон иваз кунанд.
Бино ба хабарҳо, рӯзи 27 апрел як гурӯҳи музокиротии САҲА ба хотири баррасии шароити раҳоии ин нозирон ба шаҳри Словянск расида, ба мулоқоти шаҳрдори худхондааш Вячеслав Пономарёв, ки аз нирӯҳои тарафдори Русия намояндагӣ мекунад, рафтаанд. Пономарёв рӯзи 27 апрел дар сӯҳбат бо хабарнигорони нозирони боздоштшудаи САҲА-ро “асирони ҷанг” номид.
8 нозири САҲА баъдан бо хабарнигорон рӯбарӯ карда шуданд. Сарҳанги олмонӣ Аксел Шнейдер гуфт, гаравгонгирон аз замони боздошташон дар таърихи 25 апрел ба онҳо “даст нарасондаанд.” Нозирони САҲА ба хотири назорати ҷараёни иҷрои тавофуқоти Женева дар шарқи Украина қарор доштанд. Тибқи он тавофуқот, бояд гурӯҳҳои ғайриқонунӣ халъи силоҳ шуда, биноҳои ишғолкардаашонро холӣ мекарданд. Вале то имрӯз ҳеҷ кадоме аз ин тавофуқоти бадастомада дар музокироти чоргонаи Амрикову ИА ва Украинаву Русия иҷро нашудаанд. Маскав дар ин Киевро ва Киев Маскавро гунаҳкор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, кафили вазири хориҷаи Украина Андрий Дешитса дар Твиттер хабар дод, ки дабири кулли САҲА Ламберто Заннер шоми 27 апрел ба Киев меояд. САҲА ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.
Асорати 3 афсари СБУ
Пономарёв рӯзи 27 апрел ҳамчунин хабар дод, ки нирӯҳояш дар як амалиёти шаби гузашта 3 афсари СБУ – Хадамоти амнияти Украинаро дастгир кардаанд. Ӯ ин се афсарро низ “асири ҷанг” номид. Телевизони давлатии “Россия 24” навори 3 мардеро намоиш дод, ки дасту пояшон ба курсиҳо баста буд ва дар баданашон аломатҳои латтукӯб дида мешуд. Ин шабака аснодеро ҳам намоиш дод, ки мегуфт, ин 3 мард афсарони СБУ мебошанд.
СБУ асир уфтодани 3 афсарашро тасдиқ карда, гуфтааст, онҳо ба хотири таҳқиқи парвандаи куштори сиёсатмадори маҳаллӣ аз ҳизби Баткившина Володимир Рибак дар он минтақа қарор доштанд. Рибак дар авоили моҳи апрел рабуда шуд ва ҷасади ӯро баъди як ҳафта аз кӯле дар наздикии Словянск пайдо карданд. Ӯро чанд зарби корд зада, сипас ғарқ кардаанд.
Сояи таҳримҳои нав болои сари Русия
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки дар идомаи сафари Осиёаш дар Малайзия қарор дорад, гуфт, раҳбарони Русия бо вуҷуди тавофуқоти рӯзи 17 апрел дар Женева барои коҳиши танишҳо дар шарқи Украина ҳатто ангушт ба ангушт назаданд. Обама гуфт, ба зудӣ алайҳи Русия таҳримҳои бештаре эълон хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, то замоне ки Русия ҷилави ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украинаро нагирад, “баҳои аъмолаш сангинтару сангинтар хоҳад шуд.”
Обама гуфт, Амрико масъалаи таҳримҳои бештар алайҳи Русияро бо ҳамкоронаш аз Иттиҳодияи Аврупо машварат карда истодааст.
Гурӯҳи G7, ки 7 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, рӯзи 26 апрел қарор карда, ки агар Маскав барои иҷрои тавофуқоти Женева қадамҳои мушаххас нагузорад, алайҳаш таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳанд кард.
Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Русияро ба кумаку пуштибонии нирӯҳои рӯ ба Маскав дар шарқи Украина ва фишор овардан ба Киев бо таҷаммӯъи қариб 40 000 нирӯҳояш дар марз бо Украина айбдор мекунанд. Маскав ҳамоно ҳар навъ даст доштанаш дар рӯйдодҳои шарқи Украинаро рад мекунад ва мегӯяд, таҷамӯӯъи нирӯҳояш дар марз бо Украина ба хотири як машқи густардаи низомист.