Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоишҳои Русия дар наздикии марзҳои Украина


Русия изҳороти вазир умури хориҷии Амрикоро рад кард ва мегӯяд, ба коҳиши шиддат дар бӯҳрони Украина талош хоҳад кард. Он ҳамзамон машқҳои ҳарбияшро дар марзи Украина оғоз намудааст.

Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, Иёлоти Муттаҳидаро ба таҳрифи созишҳои байнулмилалии марбут ба Украина айбдор кард ва гуфт, Вашингтон дар ин маврид аз Маскав чизҳои зиёдатӣ талаб дорад. Рӯзи 25-уми апрел Лавров дар Маскав гуфт: "Русия бар пояи созишҳои Женева ба таври устувор ба коҳиши ташаннуҷ дар ин низоъ талош хоҳад кард". Аммо талабҳои, ба гуфтаи ӯ, "яктарафа" аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида хилофи ин раванд шумурда мешаванд.

Лавров ҳамчунин гуфт, ҳукумати ғарбгарои Киев оқибат барои амалиёти амниятӣ дар шарқи Украина, ки Лавров онро "ҷинояти хунин" номид, ҷазои худро хоҳад ёфт. Изҳороти вазири корҳои хориҷии Русия баъд аз паёми ҳамтои амрикоии ӯ Ҷон Керрӣ садо дод, ки гуфтааст, "даричаи имконият"-и тағйири бархӯрди Русия бо Украина акнун баста мешавад. Вай гуфт, Русия "як қадами содаи мушаххас" нагузошт, то созишҳои ҳафтаи гузаштаи Женевро ба иҷро расонад.

Дар ҳамин ҳол, президенти муваққати Украина, Олександер Турчинов, рӯзи панҷшанбе аз Русия хост, то нерӯҳояшро аз марзҳои ин кишвар ақиб кашад ва ба мудохила дар умури дохилии Украина хотима гузорад. Вай афзуд, ки Русия машқҳои низомии худро дар марз бо Украина оғоз кардааст.

Вазорати дифои Русия эълом кард, дар вокуниш ба амалиёти артиши Украина дар шарқи он кишвар ва афзоиши нерӯҳои НАТО дар Полша ва кишварҳои назди Балтика, маневри низомии наверо дар наздикии марзи Украина оғоз кардааст.

Ба гуфтаи вазири дифои Русия, артиши Украина ёздаҳ ҳазор нафар аз нерӯҳояшро барои ширкат дар амалиёти низомӣ алайҳи ғайринизомиёни русзабон ба манотиқи шарқии он кишвар фиристодааст.

Давлати муваққати Украина барои холӣ кардани биноҳои давлатӣ дар шарқи он кишвар, ки аз ду ҳафта пеш дар тасарруфи эътирозгарон ва ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳастанд, амалиёти густурдаеро оғоз кардааст.

Президенти муваққати Украни рӯзи панҷшанбе изҳор дошт: "Мо дар баробари террористҳо ақибнишинӣ накарда ва иқдомоти лозимро барои ҳифзи ҷони шаҳрвандонамон ба марҳалаи иҷро меоварем."

Вай гуфт, "мо аз Русия мехоҳем, ки ба мудохила дар умури дохилии Украина, таҳдидҳо поён диҳад ва нерӯҳояшро аз марзҳои шарқии кишварамон берун бибарад."

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерз, нерӯҳои вазорати умури дохилӣ ва дифои Украина рӯзи панҷшанбе барои муқобила бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шаҳри Словянск дар шарқи кишвар ҳозир буда ва гуфтаанд, ки панҷ нафарро куштаанд.

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки аз русзабонҳои муқими Украина ҳимоят хоҳад кард, субҳи рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки агар мақомоти украинӣ алайҳи мардуми худ аз нерӯ истифода кунад, оқибати бад хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG