Ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ вориди музокирот шудааст.
Барои нахустин бор баъди амалиёти ахир дар Бадахшон раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон музокироти мустақим анҷом доданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ як дипломати бохабар аз таҳаввулоти ахири Хоруғ хабар дод. Ин дипломат, ки нахост номаш ошкор шавад, ба радио Озодӣ гуфт, “музокирот авоили ҳафтаи ҷорӣ бо ширкати аксари гумонбарон”, ва афроди дигари муттаҳам дар куштори генерал Абдулло Назаров шурӯъ шуд. Манбаи мо, роҷеъ ба ҳузури Толиб Аёмбеков дар ин музокираҳо иттилое надорад, вале гуфт, ки “аксари фармондеҳои пешини нирӯҳои мухолифин бо шумули Имум Имумназаров дар ин гуфтугӯҳои мустақим ширкат мекунанд”. Ин дипломат гуфт, дар музокироти рӯзи панҷшанбе “пешравиҳое мушоҳида шуданд”. Ин пешравӣ, ба гуфтаи дипломати хориҷӣ, “тарҳи созиши миёни тарафҳо” аст ва дар он гуфта шудааст, ки амалиёти низомӣ наметавонад роҳҳали бӯҳрони Бадахшон бошад.
“Бояд гуфт, ки музокираҳо бисёр “ҳассос” аст ва мақомоти ҳукуматӣ мехоҳанд аз хатари нокомшавии ин раванд ҷилавгирӣ кунанд. Сабаби пинҳон доштани иттилоъ аз матбуот ҳам дар ҳамин аст”, шарҳ дод ин манбаъ. Вай гуфт, ки музокирот ба таври мустақим миёни ҳукумат ва гумонбарон ҷараён дорад ва то замони ҳалли ҳама масъалаҳо идома меёбад. Вай гуфт, ки маҳалли баргузории музокираҳои миёни ҳукумат ва гумонбарон “дақиқ нест”, вале тибқи баъзе манобеъ, ин гуфтугӯҳо дар “дохили шаҳр” ҷараён доранд.
Ба қавли ин манбаъ, яке аз шартҳои аслии созиши миёни ҳукумат ва раҳбарони гуруҳҳои мусаллаҳ “дар додгоҳ баррасӣ шудани” омилони қазияҳои куштори Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон мебошад. “Тақозои гумонбарон ин аст, ки онҳо бояд аз худ дар додгоҳ ҳимоят кунанд ва тамоми муҳокима бояд одилонаву мутобиқи қонун сурат бигирад”, гуфт ин манбаъ. Вай тасдиқ кард, ки дар асл “баҳс сари сарнавишти чаҳор раҳбари ғайрирасмии Хоруғ”, яъне Толиб Аёмбеков, Ёдгор Шомусалламов, Имум Имумназаров ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аст. “Ин афрод ҳамчунин мехоҳанд, ки нисбати онҳо барномаи афв ҳам тадбиқ шавад, вале маълум нест, ки ҳукумат инро қабул мекунад ё на”, гуфт вай. “Ба ҳар ҳол, ин масъала бахши муҳими тарҳи созиш будааст”, таъкид кард дипломати хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, ки тибқи баъзе хабарҳо аз шаҳри Хоруғ, дасти кам ду гумонбар - Имум Имумназаров ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров гӯё дар маҳалҳои зисти худ дар Хоруғ “озодона” зиндагӣ карда, амнияти онҳоро муҳофизонашон таъмин мекунанд. Айни замон, додситони кулли Тоҷикистон Т.Аёмбеков, Ё.Шомусалламов, И. Имумназаров ва М.Муҳаммадбоқировро дар қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, қочоқи занону духтарон, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, гаравгонгирӣ, сарпечӣ аз баргардонидани қарзи бонк ва куштор айбдор кардааст. Ба саволи мо ки оё ҳоло шаҳри Хоруғ амалан зери контроли кист, ин дипломати хориҷӣ гуфт, “артиш ва мақомоти низомӣ чунин дарк мекунад, ки то замони пурра ҳал шудани низоъ бояд, дар минтақа боқӣ бимонанд, то ҳукумати аз сарнавишти ин минтақа хотирҷамъ бошад”. Вай гуфт, “дар сурати ниҳоӣ шудани созиши миёни ҷонибҳо, артиш бояд ки минтақаро тарк кунад”. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, “посгоҳҳои полис ва низомиёни ҳукуматӣ дар шаҳр зиёд ба чашм мехӯранд”.
Сокинони Хоруғ дар сӯҳбат бо Озодӣ мегӯянд, ки аз хушунатҳои эҳтимолӣ дар ҳаросанд ва шадидан мухолифи такроршавии ҳодисаҳои рӯзи 24 июл ҳастанд. Барои ба эътидол овардани вазъ, ба музокирот ҳамчунин раҳбарони мазҳабии маҳаллӣ ҷалб шуда, талош доранд, ки аз гароиши ҷавонҳои бекору ниёзманди пул ва кор ба сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷилавгирӣ кунанд. Тибқи иттилои манобеи мӯътамад, бисёр “ҷавонҳое”, ки ба даст силоҳ гирифта ва аз собиқ қумандонҳои нирӯҳои оппозитсиюн ҷонибдорӣ карданд, дубора ба ҳаёти мулкӣ баргаштаанд.