Модари гумонбар дар сӯзанзании кӯдак: "Таҳдид карданд, ки ба танам даҳ сӯзан мехалонанд" ВИДЕО

Муҳайё Ёқубова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо кӯдакаш

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ баррасии парвандаи сӯзанхалонӣ ба бадани кӯдаки яксолаи тоҷикро оғоз кард. Нахустин рӯзи мурофиаи додгоҳӣ аз пурсишу посухи додрас бо модари кӯдак, ягона гумонбар дар парванда, шурӯъ шуд.

Онҳо таҳдид карданд, ки даҳ сӯзанро ба бадани худам мехалонанд ва мебинанд, ки чӣ гуна дард мекашам.

Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир Каримов, тифле, ки табибон охири моҳи июн дар баданаш беш аз 10 сӯзан ёфтанд, рӯзи 3-юми октябр дар толори додгоҳ гуфт, қаблан гуноҳро зери фишору таҳдиди пулис ба гардан гирифта буд, “аммо дар асл ин корро накардааст”.

Муҳайё дар курсии айбдорӣ нишаст

Муҳайё Ёқубова дар даст Мудассир дар толори додгоҳ ҳозир шуд. Вақте додрас модарро аз кӯдак ҷудо кард ва дар курсии айбдорӣ нишонд, садои гиряи тифл баланд шуд. Кӯдак бехабар аз онки модараш маҳз бо гумони озору азияти ӯ дар додгоҳ посух мегӯяд, намехост аз оғушаш дур шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳокимаи зани муттаҳам ба сӯзанзанӣ дар бадани кӯдак шуруъ шуд

Мурофиаи додгоҳии Муҳайё Ёқубова таҳти раёсати додрас Ифтихор Асрорӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ Шоҳрух Раҷабзода баргузор шуд. Ҳузури хабарнигорон ҳам озод буд, аммо бидуни истифодаи дастгоҳи сабт. Аз ҳаққи Муҳайё Ёқубова дар додгоҳ адвокат Худоёр Ёрматов дифоъ мекунад.

Бинои Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ

Муҳайё Ёқубова ба суоли аввалини додрас ва додситон, ки оё ӯ ба бадани фарзандаш 13 сӯзан халондааст, посухи рад дод. Вай гуфт, рӯзи 6-уми июли имсол дар бозпурсии панҷсоатӣ, ин иттиҳомро зери фишор ва таҳдиди маъмурони милиса ба гардан гирифтааст. Қаблан мақомот эълон карданд, ки Муҳайё Ёқубова эътироф кардааст, ки худи ӯ дар бадани фарзандаш сӯзан халондааст. Ҳадаф ҳам гӯиё баргардонидани шавҳар аз Русия будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ВКД: Даҳ сӯзанро ба тани Мудассир модараш ҷо кардааст. ВИДЕО

Иддао: Маро таҳдиду тақҳир карданд

Аммо Муҳайё Ёқубова гуфт: “Онҳо таҳдид карданд, ки даҳ сӯзанро ба бадани худам мехалонанд ва мебинанд, ки чӣ гуна дард мекашам. Ҳамчунин дар шуъбаи корҳои дохилӣ, ки қариб панҷ соат маро бозпурсӣ карданд, гапҳои бад гуфтанд. Аз тарси рафтори номуносиби панҷ нафаре, ки маро бозпурсӣ мекарданд, ночор гуноҳро ба гардан гирифтам. Гуфтам, “ҳар чизе, ки мехоҳед, гӯед, ҳамонро мегӯям”.

Додрас ва намояндаи додситонӣ дар рӯзи аввали мурофиа тақозо карданд, ки Муҳайё Ёқубова ҳарчӣ бештар ва бо ҷузъиёт дар бораи тарбияи кӯдакаш, муносибати ӯ бо тифл ва чӣ тавр огоҳ шудан аз вуҷуди сӯзан дар бадани Мудассир маълумот диҳад.

Ин модар баъди берун шудан аз толори додгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талош мекунад бегуноҳии худро собит кунад. Ӯ гуфт, ба адолати додгоҳӣ бовар дорад ва аз ҷудоӣ бо фарзандаш метарсад.

Шарҳи муфаттиш: Натиҷаи рашк буд

Ҳоло парвандаи ин модар дар додгоҳ, бар асоси моддаи 110, қисми 2, яъне “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” баррасӣ мешавад. Барои ин ҷиноят аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни мурофиа бар асоси ташхиси тиббӣ гуфта шуд, ки вазъи руҳии Муҳайё Ёқубова хуб аст.

Шоҳрух Раҷабзода, айбдоркунандаи давлатӣ бар асоси тафтиши қазия гуфт, ин зан гӯиё аз рашки зиёд нисбат ба шавҳараш, ки дар Русия қарор дорад, сӯзанҳоро ба бадани кӯдакаш Мудассир Каримов халонда, мехост бо ин роҳ аз шавҳараш қасд гирад. Муфаттиш гуфт: “Муҳайё барои амалӣ кардани ин нияташ рӯзи 26-уми июн ҳуҷраи хобро интихоб карда, ҳадафашро онҷо амалӣ кардааст”. Аммо модар дар толори додгоҳ гуфт, танҳо рузи 28-уми июн дар рӯи писараш захми варамкардаро дида, ба табибон муроҷиат кард ва баъдан ташхис дар бадани Мудассир ҷисмҳои бегонаро ошкор намуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар бадани кӯдаки нӯҳмоҳаи тоҷик 10 сӯзан ёфтанд. ВИДЕО

Шавҳари Муҳайё: Шубҳа дорам

Ҳодиса аввали моҳи июли имсол расонаӣ шуд ва мақомот Муҳайё Ёқубоваи 26-сола, модари Мудассир Каримови яксоларо барои содир кардани ин ҷиноят гумонбар донистанд. Мақомот гуфтанд дар баёноти муқаддамотӣ модар иқрор шудааст, ки ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст. Иддаое, ки ин модар рад мекунад.

Мудассир Каримов баъди ҷарроҳӣ

Бахтиёр Маҳмадқулов, шавҳари Муҳайё, дар як тамоси телефонӣ аз Русия бо Радиои Озодӣ гуфт дар ҳашт соли зиндагии муштарак миёни онҳо ҳеҷ мушкил вуҷуд надошт ва барои ба гардан гирифтани ин кор аз сӯи ҳамсараш шубҳа дорад. Ӯ гуфт, барои пешбурди зиндагӣ дар муҳоҷират аст ва агар имкони молӣ даст дод дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат мекунад ва аз ҳаққи ҳамсараш дифоъ хоҳад кард.

Дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ, Муҳайёро хусуру хушдоманаш ҳам ба ҳайси шоҳид ҳамроҳӣ карданд. Зоҳиран онҳо келини худро гунаҳкор намеҳисобанд ва аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ҳанӯз сухани шоҳидон шунида нашудааст ва мурофиа фардо ҳам идома мекунад.

7 сӯзани дигар боқӣ мондааст

Аввали моҳи июли имсол табибони бемористони Қарияи Боло аз ошкор шудани 10 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар дода ва қотеона таъкид карданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Ташхиси рентгенӣ сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.

Ин сӯзанҳоро аз бадани Мудассир берун овардаанд

Аммо дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд дар бадани ин кудак 13 сӯзан ошкор шуда, ҳанӯз 7 сӯзани дигар дар ҷисми кӯдак боқӣ мондааст. Пизишкони шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона дар Қарияи Боло рӯзи 28-уми июн дар пайи муроҷиати волидон ба муоинаи Мудассир оғоз карданд. Ин сӯзанҳо, ба гуфтаи табибон, ҳадди ақал се моҳи пеш дар ҷисми кӯдак ҷой шудаанд. Қазияи мазкур мавриди интиқод ва баҳсҳои зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд.

Ин модар дар толори додгоҳ гуфт, ки чӣ гуна ба ҷисми писари ширхораш ворид шудани сӯзанҳоро намедонад ва касеро ҳам дар ин кор гунаҳкор карда наметавонад.

Мудассир фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, модар масъулияти тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад. Табибоне, ки ин тифлро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кории онҳо бесобиқа буд.