Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир табобати Мудассири 9-моҳаро зери назар гирифт


Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон табобати Мудассир Каримови нуҳмоҳаро, ки дар ҷисмаш 10 сӯзан ошкор шуд, зери назари худ гирифтааст.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ахиран баъди расонаӣ шудани ин хабар ба дидорбинии ин кӯдак рафта, барои идомаи табобати ӯ машваратҳо додааст. Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазир рӯзи 9-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, табибон барои ҷарроҳии навбатии тифл омодагӣ мегиранд.

Табибон мегӯянд, сиҳатии Мудассир Каримовро беҳтар аст ва бо гузашти вақти муайян метавонанд амалиёти дуюми ҷарроҳиро барои берун кардани чаҳор сӯзани дигар анҷом диҳанд.

Мирҳомуддин Камолзода афзуд "вазир ду соат дар назди кӯдак буданд ва ташхиси иловагӣ фармуда, табобати ояндаро бо табибон тарҳрезӣ карданд".

Субҳи 9-уми июл Муҳайё Каримова модари кӯдак дар сӯҳбати кӯдак бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи писараш беҳтар аст ва аз шарҳи бештар аз бозпурсии мақомот худдорӣ кард.

Ҳоло ин модар бо вуҷуди ин, ки дар озодӣ ва дар назди писараш дар бемористон аст, аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шабонарӯзӣ дар даромадгоҳи шӯъбаи беморхона ин модарро назорат мекунанд.

Назорати модар аз ҷониби мақомот баъд аз шурӯи таҳқиқи ҳодиса аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ шуруъ шуд. Ду рӯзи пеш ин вазорат эълон кард, ки даҳ сӯзанро ба тани Мудассир модараш ҷо кардааст ва нисбати Муҳайё Каримова парванда боз кардаанд.

Мақомот гуфтанд, нисбат ба ин зан бар асоси қисми яки моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ҳафтаи ҷорӣ пизишкони бемористони Қарияи Боло дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бадани Мудассир Каримов 10 сӯзанро ошкор кардаанд. Онҳо қотеона таъкид намуда буданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст.

Табибон мегӯянд, агар кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ мебурд, меъдааш ҳатман осеб медид ва дар узвҳои ҳозима дар мемонд. Хонаводааш низ аз чӣ гуна ворид шудани сӯзан ба тани кӯдак изҳори бехабарӣ карда буданд.

"Рентген" сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва ҷойҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кардааст. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун оварданд.

Тифли 9-моҳа Мудассир Каримов, сокини ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ва фарзанди дувуми хонавода аст. Махфират Ҳасанова, бибии кӯдак, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ин сӯзанҳоро як моҳи пеш замоне мушоҳида карданд, ки модари тифл ҳангоми хӯрок додан ба ӯ яке аз сӯзанҳоро дар милки дандон пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG