Наздикони ду узви "Гурӯҳи 24" аз даъво даст кашидаанд

Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов

Хонаводаҳои ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят намебаранд, чун медонанд, ки натиҷае намедиҳад.

Пайвандони Насимҷон Шарифов, фаъоли «Гурӯҳи 24» рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки волидонаш бо ӯ дар боздоштгоҳ мулоқот кардаанд, ва ӯ хостааст, ки барои тағйири ҳукмаш шикоят набаранд, зеро метарсад, ки натиҷаи баръакс медиҳад.

"Насимҷон хоҳиш кард, ки аризаи шикоятӣ нанависед, пурсидам, ки чаро? Гуфт, ки ҳар касе шикоят кардааст боз муҳлаташро зиёд кардаанд. Барои ҳамин тасмим гирифтем, ки аризаи шикоятӣ нанависем," - гуфт, Файзалӣ Шарифов, бародари Насимҷон Шарифов.

Аз ин пештар, Оиша Мирзоева модари Суҳроб Зафар, раҳбари ин гурӯҳи мухолифи давлат ҳукми писарашро ноодилона хонд, вале гуфт аз ҳукм шикоят намекунад, чун фоидае надорад.

Стив Свердлов

Ҳомиёни ҳуқуқ низ ҳукмҳоро ноодилона медонанд. Стив Свердлов ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт:

“Мо шоҳиди ҳукми бисёр сахт ва яке аз тӯлонитарин ҳукмҳо ба мухолифон ва фаъолон дар қаламрави шӯравии собиқ шудем. Ин ҳукм ҳатто аз ҳукмҳое, ки Владимир Путин ба мунаққидонаш медиҳад, тӯлонитар аст. Раҳмон ба Сӯҳроби Зафар 30 сол ва ба Насимҷон Шарифов 20 сол дод. Ин ҳукмҳои ваҳшатнок баёнгари бераҳмии ҳукумат ва афзоиши зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.”

Додгоҳи Душанбе рӯзи 10-уми октябр Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифовро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор дониста, якеро 20 дигареро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду иттиҳомотро беасос номидаанд.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.

Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.

Созмони "Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” аст. То ин дам даҳҳо нафарро ба гуноҳи пайравӣ аз он дар Тоҷикистону Русия дастгир ва бархеро ба муддати дароз зиндонӣ кардаанд. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.