Тақсими ҷашни асосии Наврӯз миёни Турсунзода ва Душанбе

Ҷашни асосӣ ё расмии Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода ва Душанбе баргузор хоҳад шуд. Абдуғаффор Абдуҷабборов – раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон – рӯзи 14 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин маросим меҳмонҳо аз Узбакистону Афғонистон даъват шудаанд. "Ҷашни асосии Наврӯз 21 март баргузор мешавад ва ин маросим то нисфирӯзӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода ва шом дар Наврӯзгоҳи пойтахт мегузарад", - афзуд ӯ.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.

Абдуғаффор Абдуҷабборов гуфт, ин маросим рӯзи 22 март дар минтақаҳои дигари кишвар идома хоҳад кард. Қаблан, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода – минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон – баргузор мегардад ва қарори расмӣ дар ин замина рӯзи 19 декабри соли гузашта содир гардида буд.

Аммо дар як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 13 марти имсол таъкид шудааст, ки ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 21 март дар Душанбе баргузор шуда, фақат шоми 22 март дар Варзишгоҳи марказии Турсунзода намоиши театрӣ дар назар аст. Абдуғаффор Абдуҷабборов мегӯяд, "ин барномаи кӯҳна аст ва ҳоло ҷашни асосии рӯзи 21 март миёни Турсунзода ва Душанбе тақсим шудааст."

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ дар "Боғи Наврӯзгоҳ"-и пойтахт. Моҳи феврали 2017

Таҷлили расмӣ аз Наврӯз ҳар сол дар ҳар минтақаи кишвар бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар баробари Хуҷанду Хоруғ ва минтақаи Рашту Кӯлоб, Душанбе ҳам чанд дафъа мизбони ҷашни асосии Иди Наврӯз будааст. Ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар Душанбе дар ҳоле баргузор мешавад, ки Рустами Эмомалӣ, писари бузурги президенти Тоҷикистон, моҳи январи имсол ба раёсати пойтахт омад.

Баъд аз чанд рӯзи таъини ӯ ба ин мақом, раиси ҷумҳур хоста буд, то пойтахти кишварро барои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ хуб омода кунад. Моҳи феврал барои аввалин бор падару писар дар ҳайати масъулини дигари ҳукумат ба тамошои "Боғи Наврӯзгоҳ"-и Душанбе рафтанд ва акси гаштҳои онҳо дар сайти президенти Тоҷикистон нашр шуд.

Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ “таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ”-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.

Ҳафтаи гузашта қарори расмии Рустами Эмомалӣ низ интишор ёфт, ки таъкид кардааст, шоми таҷлил аз Наврӯз аз ҳафт бурҷи Душанбе мушакпарронӣ сурат бигирад. Ӯ дар қарор гуфтааст, мушакпаронии идона аз соати нӯҳи шаб дар муддати 5 дақиқа баргузор хоҳад шуд. Дар идома аз раҳбарияти идораи умури дохилӣ, амният, оташнишонӣ ва тандурустии пойтахт хоста шудааст, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинон ва чораҳои зидди сӯхтор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ин нахустин маросими бошукӯҳ дар пойтахт аз замони таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе хоҳад буд.

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид охири моҳи ноябри соли гузашта дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ “таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ”-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.