Маъракаи расмии Наврӯзи соли оянда дар шаҳри Турсунзода, минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон, баргузор хоҳад шуд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ин қарор рӯзи 19 декабр дар ҷаласаи назди ёвари президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода содир гардидааст. Раҳмонзода гуфтааст, "Наврӯзи соли 2017 бояд аз лиҳози сифат, мазмун ва муҳтаво аз чорабиниҳои солҳои гузашта тафовут дошта бошад".
Бар асоси қарори нав, Вазорати фарҳангу Иттиҳоди рассомон ва Академияи мусаввирон вазифадор шудаанд, тарҳи ангораи ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба зудтарин фурсат пешниҳод намоянд. Мақомот мегӯянд, ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз Эрону Афғонистон ва Узбакистон меҳмонҳо даъват хоҳанд шуд.
Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид охири моҳи ноябри имсол дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ “таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ”-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.