НАТО ҳузури сарбозони Кореяи Шимолиро дар Русия тасдиқ кард

Марк Рутте

Дабири кулли Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО мегӯяд, ин созмон фиристодани сарбозони Кореяи Шимолӣ ба вилояти Курскро тасдиқ кардааст.

Марк Рутте 28-уми октябр дар Брюселл ин иқдомро “нуқтаи қобили таваҷҷуҳ” дар ҳамлаи густурдаи Русия алайҳи Украина номид.

Дабири кулли НАТО афзуд, фиристодани сарбозони Кореяи Шимолӣ ба вилояти Курск нишон аз “ноумедӣ”-и Владимир Путин аст, ки дар ҷанг алайҳи Украина беш аз 600 ҳазор сарбозро талаф кардааст.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский қаблан ҳушдор дода буд, ки Русия ният дорад сарбозони Кореяи Шимолиро аз 27-уми октябр дар майдонҳои даргирӣ ҷобаҷо кунад. Мақомоти Русия дар ин бора ошкоро суҳбат намекунанд.

Хадамоти истихбороти низомии Украина рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки ҳузури нерӯҳои Кореяи Шимолиро дар вилояти Курски Русия ошкор кардааст.

Нерӯҳои украинӣ дар моҳи августи имсол ба Курск ҳамла карда, гӯшаҳое аз ин вилояти Русияро зери назорат дароварданд. Курск бо Украина ҳамсарҳад аст.