Раҳбарони аршади ҷудоиталабони рӯ ба Русия, ки дар шарқи Украина алайҳи нирӯҳои давлатии ин кишвар меҷанганд, шоми 4 сентябр гуфтанд, ки дар сурати даст ёфтан ба тавофуқ бо ҳайати ҳукумати Украина дар музокироти рӯзи 5 сентябр дар шаҳри Минск барои эълони оташбас омодаанд.
Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко низ шоми 4 сентябр гуфт, рӯзи 5 сентябр ба муҷарради оғози музокироти Минск фармони оташбас дар манотиқи ошӯбзадаи шарқи Украинро хоҳад дод. Порошенко, ки дар пешорӯи шурӯи нишасти сарони НАТО дар Уэлс сӯҳбат мекард, гуфт: “Соати 14 00 ба вақти маҳаллӣ (1600 – ба вақти Душанбе), ҳамин ки ҷаласа оғоз ёфт, ман аз Ситоди кулли артиш хоҳам хост, то оташбаси дуҷонибаро ҷорӣ кунад. Мо умедворем, ки истиқрори оташбас аз пагоҳ оғоз хоҳад ёфт.”
Ин оташбас бар асоси “нақшаи сулҳ”-ест, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 сентябр, баъди сӯҳбати телефониаш бо Порошенко муаррифӣ кард. Ин "нақша" аз 7 банд иборат аст:
1. Қатъи амалиёти фаъолонаи таҳоҷумии нирӯҳову гурӯҳҳои мусаллаҳ, чирикиҳои ҷанубушарқи Украина дар самти Донетску Луҳанск.
2. Дур бурдани воҳидҳои нирӯҳои қудратии Украина ба масофае, ки тӯпборони манотиқи аҳолинишинро аз тӯпзонаҳо ва васоили дигари тӯпборон номумкин гардонад.
3. Назорати комилу холиси байналмилалӣ бар ҷараёни риояи оташбас ва назорати вазъ дар минтақаи амниятие, ки сохта мешавад.
4. Қатъи истифодаи авиатсияи ҷангӣ алайҳи мардуми мулкӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин дар минтақаи ниизоъ.
5. Ташкили табодули афроде, ки зӯран нигоҳ дошта мешаванд, тибқи формулаи " ҳамаро - ба ҳама" ва бидуни кадом шарти пешакӣ.
6. Кушодани коридорҳои башарӣ барои ҳаракати фирориҳо ва расондани кумакҳои башарӣ ба шаҳрҳо ва нуқоти дигари аҳолинишини Донбасс - вилоятҳои Донетск ва Луҳанск.
7. Таъмини имкони ирсоли бригадаҳои тармимгар ба нуқоти осебдидаи Донбасс барои эҳёи иншооти харобшудаи иҷтимоиву ҳаётӣ ва ироаи кумак ба онҳо дар амри омодагӣ ба зимистон.
Аммо қаблан сарвазири Украина Арсений Ятсенюк “нақшаи Путин”-ро рад карда, гуфтааст, ки ин танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳримоти Ғарб аст ва Русия агар дар воқе хостори сулҳ дар Украина бошад, бояд фақат як кор кунад - “нирӯҳояш, зархаридҳояш ва террористҳояшро аз қаламрави Украина берун бикашад.”
Дабири кулли НАТО: Русия ба Украина ҳамла кардааст
Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фог Расмуссен дар арафаи нишасти дурӯзаи сарони ин паймон дар Уэлс бо як изҳороти тунд лаҳни ин ҳамоишро бармало кард. Расмуссен гуфт, “Русия ба Украина ҳамла кардааст” ва бо вуҷуди нақшаи оташбасе, ки раисиҷумҳураш Владимир Путин муаррифӣ кард, бесубот кардани вазъ дар шарқи Украинаро идома медиҳад.
Бӯҳрони Украина зоҳиран як мавзӯъи асосии нишасти Уэлс хоҳад шуд. Ин нишаст шоми 4 сентябр шурӯъ мешавад ва дар ҳоле ки раҳбарони кишварҳо барои ширкат дар ин ҳамоиш ҷамъ мешаванд, Расмуссен гуфт, муҳим на ҳарфҳои Русия, балки амали ӯст.
Хабаргузории Ройтерс аз қавли як афсари низомии НАТО менависад, ки ба шарти набурдани номаш гуфтааст, Русия дар дохили қаламрави Украина, дар манотиқе ки ҷудоиталабони тарафдори Маскав алайҳи нирӯҳои давлатии Украина меҷанганд, алакай чанд ҳазор аска ва садҳо тонку мошинҳои зирепӯш дорад.
Ба ҳисоби СММ, аз моҳи апрел ба ин тараф дар задухӯрдҳо байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои давлатӣ дар вилоятҳои умдатан русзабони Донетс ва Луҳанск дар шарқи Украина беш аз 2600 нафар ҷон бохтаанд.
Андрес Фог Расмуссен гуфт, “як иқдоми воқеӣ барои расидан ба як роҳи ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украина барои Русия берун кашидани нирӯҳояш аз марзҳои Украина, қатъи интиқоли аслиҳаву ҷанговарон ба дохили ин кишвар, қатъи ҳимоят аз ҷангиёни силоҳбадаст дар Украина ва пайвастан ба раванди созандаи сиёсӣ метавонист бошад.”
Дабири кулли НАТО гуфт, нишасти Уэлс бояд роҳҳои посух ба чолишҳоеро, ки бӯҳрони Украина барои кишварҳои узви ин паймони низомӣ эҷод кардааст, пайдо кунад. Ӯ афзуд, сарони НАТО “нақшаи тадбирҳои омодабош” ба такмили нирӯҳо дар пойгоҳҳои низомии воқеъ дар бархе аз кишварҳои шарқии узви ин эътилофро тасвиб хоҳанд кард. Ин нақша аз ҷумла таъсиси нирӯҳои зудамали қодир ба вокуниши сареъ дар Аврупои шарқӣ ва Аврупои марказӣ дар сурати ҳамлаи Русия ё ягон рақиби эҳтимолии дигар ба ягон узви НАТО-ро дар назар дорад.
Лаҳистон (Полша) ва кишварҳои соҳили Балтик аз НАТО хостаанд, то қаламрави ин кишварҳо пойгоҳҳои низомии доимӣ бисозад. Аммо Расмуссен гуфт, такмилу истиқрори нирӯҳои НАТО дар кишварҳое, чун Лаҳистон ё кишварҳои Балтик бар хилофи “Паймони бунёдии НАТО-Русия” аз соли 1997 сурат нахоҳад гирифт. Ин созишномаи расмӣ замонат медод, ки Русия ва НАТО якдигарро ҳамчун душман таҳдид намекунанд.
Расмуссен аммо гуфт, “барои ҳама рӯшан шудааст, ки Русия меъёрҳои аслии Паймони бунёдии НАТО-Русияро поймол кардааст.” Ӯ афзуд, Шӯрои НАТО-Русия, ки соли 2002 таъсис ёфта буд, низ осеб нахоҳад дид: “Мо тасмим гирифтем, ки ҳамаи ҳамкориҳои амалиамон бо Русияро мутаваққиф кунем, вале мо ин канали сиёсиро барои муколамаи сиёсиву дипломатӣ бо Русия боз мегузорем.”
Русия иддаоҳо дар бора и ирсоли аслиҳа ва ҷанговарон ба кумаки ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар шарқи Украинаро, ки дар рӯзҳои охир ба пешрафтҳои ҷиддие даст ёфтаанд, рад мекунад.
Бо ин ҳол, видеои рӯзи 3 сентябр фиристодаи хабарнигори Озодӣ Андрей Бабитский ҳокист, ки ҷудоиталабон бар рустои Новосвитливка дар наздикии Луҳанск, маркази вилояти Луҳанск нуфуз кардаанд. Маркази ин вилоят аз моҳи апрел таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки дар бораи ба Мариупол, бандари муҳим дар соҳили баҳри Азов низ наздик шудани нирӯҳои ҷудоиталаб гузоришҳо ба даст мерасанд, хабаргузории Ройтерс аз қавли манбааш дар мақомоти низомии Украина хабар дод, ки воҳидҳои артиш дар ин минтақа ба ҳолати омодабош оварда шудаанд ва “ба рафъи ҳамла омодагӣ мегиранд.”
Киев мегӯяд, пешрафтҳои ахири ҷудоиталабон асосан ба далели кумаки нирӯҳои Русия ва аслиҳаи фаровонест, ки аз Русия ба дасти онҳо расидааст.
Расмуссен гуфт, раҳбарони НАТО, ки рӯзи 4 сентябр бо Порошенко мулоқот карданд, як эъломияи муштаракро тасвиб карда, ҳамкорӣ бо Украинаро, ки узви ин паймон нест, таҳким хоҳанд бахшид. Ятсенюк мехоҳад, ки Украина аз мақоми худдориаш аз узвият дар паймонҳои низомӣ даст кашида, ҷӯёи узвияти НАТО шавад. Русия шадидан мухолифи ин азми Киев мебошад.
Вазири хориҷа Русия Сергей Лавров рӯзи 4 сентябр гуфт, ҳар навъ азми Украина барои таағйири мақоми худдориаш аз узвият адр паймонҳои низомӣ “тамоми талошҳо барои шурӯи муколама ба хотири таъмини амнияти миллиашро ба ҳам хоҳад зад.” Манзури Лавров зоҳиран ин буд, ки чунин ҳаракати Украина ҳалли низоъ дар шарқи умдатан русзабони он кишварро ғайримумкин мекунад.