Дар Душанбе дави миллӣ баргузор шуд

Дави миллӣ, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр доир шуд, бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим барпо гардид.

Пеш аз оғози дави миллӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода варзишгари маъруф Дилшод Назаровро бо медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро табрику таҳният гуфта, ба ширкаткунандагони дави миллӣ барори кор хостанд.

Дави миллӣ субҳи имрӯз аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардид ва дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" ба анҷом расид.Ширкаткунандагони дав мувофиқи хоҳиши худ масофаҳои мухталиф -аз як то даҳ километрро тай карданд. Дилшод Назаров дар сафи пеши ширкаткунандагони дави миллӣ буд.

Ба ширкаткунандагони дави миллӣ дар Душанбе, инчунин намояндагони манотиқи мухталифи кишвар пайвастанд.

Дар дави миллӣ намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимию корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе фаъолона ширкат карданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, дар ин маърака ғолибон муайян нашуданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, дар чорабиниҳои марбут ба Рӯзи дави миллӣ, ки рӯзи якшанбеи 15 майи соли равон дар саросари кишвар барпо гардида буд, беш аз 400 ҳазор нафар ширкат кард. Танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок дошт.

Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.