Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатибон дар дави миллӣ


Ду тан аз имомхатибони масоҷиди ноҳияи Ховалинг дар дави миллӣ дар ин ноҳия ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.

Рӯзи якшанеби 18-уми май бори аввал дар ноҳияи Ховалинг дави миллӣ бо ширкати рӯҳониён баргузор шуд ва ҷойҳои намоёнро ҳам гирифтанд.

Сулаймон Юсупов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ховалинг ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати онҳоро барои ширкат дар дави миллӣ рӯҳониён хеле хуш пазируфтанд ва ҳудуди 20 тани онҳо дар ин чорабинӣ ширкат карданд.

Абдулҳамид Одилов, як тан аз имомхатибон, ки дар сабқати давидан ба масофаи 5 километр дар миёни аз 50-солаҳо боло ширкат дошт, мегӯяд, ба варзиш шуғл варзидан аз суннатҳои Паёмбар Муҳаммад(с.с) аст ва онҳо бо ширкат дар дави миллӣ ҳамин суннатро ба ҷо оварданд.

«Ин хислати паёмбар (с.с) аст, ки ҳар нафар бояд ҷисми худро тамрин диҳад. Давидан фоидаи зиёд дорад. Намаки бадан кам мешавад ва ҳаракати хун хуб мешавад. Дини мубини ислом аз чунин амлаҳо ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад,» - гуфт Одилов.
Саидолим Шарипов, як рӯҳонии дигар, ки ҷои ифтихориро дар дави миллӣ соҳиб шудааст, мегӯяд, эҳсос кардааст, ки ҷисмаш ба варзиш ниёз дорад: «Ҳарчанд хаста шуда бошем ҳам, аммо хеле хуб буд. Хубтар мешуд, ки чунин мусобиқаҳо зуд-зуд баргузор мешуданд ва на танҳо рӯҳониён, балки ҳамаи табақаҳои ҷомеа ин ҷо нерӯи худро месанҷиданд.»

Наздики даҳ сол боз дар Тоҷикистон Дави миллӣ расман баргузор мешавад, аммо бори аввал аст, ки дар як ноҳияи Тоҷикистон он бо ширкати рӯҳониён баргузор шавад.

Дави миллӣ имсол рӯзи якшанбе, 18-уми май баргузор шуд. Имсол дар ин маърака, ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 350 000 нафар ширкат кардаанд.

Ҷалби рӯҳониён ба дави миллӣ дар ҳолест, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон дар ҳар чорабинии иҷтимоӣ кӯшиш мешавад ин қишри ҷомеъа ҳам ҷалб шавад. Дар гузашта чанд мавриди ҷалби имомхатибон ба маъракаҳое, чун шанбегиҳо ва ниҳолшинониҳо, ҳам мушоҳида шуда буд.
XS
SM
MD
LG