“Нархи патентро гарон кунед.” Дархости нав аз Путин дар бораи муҳоҷирон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди боло бурдани нархи патент ва ё пулситонии иловагӣ аз муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия мехоҳанд арзиши иҷозатномаи кор, яъне патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ 50 дарсад боло бурда шавад.

Ин пешниҳодро Алексей Нечаев, раҳбари ҳизби “Одамони нав” дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия дар миён гузоштааст.

Ӯ ба Путин дар суҳбати рӯ ба рӯ гуфт, агар нархи патент боло бурда шавад, имкон дорад, ки соли оянда муҳоҷирон ба буҷа 85 миллиард рубл ворид кунанд.

"Ҳоло вазъият чунин аст, ки муҳоҷирон дар Маскав моҳе 90 ҳазор рубл кор мекунанд. Даромади онҳо солона ҳудуди якуним миллион рубл мешавад ва нархи пантент дар як сол 90 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз пуле, ки соҳибкорони мо ва ҳатто коргарони оддӣ пардохт мекунанд, камтар аст,"--гуфт Нечаев.

Нечаев ба ғайр аз зиёд кардани арзиши патент пешниҳод намуд, ки бақайдгирии худи иҷозатномаи кор ҳам пулакӣ шавад ва аз он боҷ ситонанд. Ба андешаи ӯ, маблағи иловагӣ имкон медиҳад, ки низоми назорати сарҳадӣ бо системаҳои биометрӣ муҷаҳҳаз карда шавад, то дақиқ бидонанд, ки "кӣ омадааст, ба куҷо рафтааст ва дар куҷои Русия кору зиндагӣ мекунад."

Дар навбати худ Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ин пешниҳоди раиси ҳизби “Одамони нав”-ро мусбат арзёбӣ намудааст. Володин рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи палатаи поёнии порлумон гуфт, "пешниҳодҳои Нечаев салоҳиятнок ва дуруст буда, мо онҳоро баррасӣ ва дастгирӣ хоҳем кард."

Дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳар моҳаи он пардохт карда шавад, вагарна шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳад.

Аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз қиммати баланди он шикоят мекунанд. Бо ин ҳама аз соли нав арзиши патент дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар Маскав аз 7400 рубли феълӣ ба 8 ҳазору 900 рубл ва дар шаҳри Челябинск аз 8 220 ба 15 ҳазор рубл расонида мешавад. Дар шаҳри Санкт-Петербург, ки ҳоло нархи патент 4 ҳазору 600 рубл аст, эҳтимол дорад, ки аз соли нав ба 6 ҳазор рубл баробар гардад.

Ин дар ҳолест, ки дар Русия аз аввали соли ҷорӣ беш аз 43 ҳазор иҷозатномаи кори муҳоҷирони меҳнатиро бекор кардаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта се баробар бештар будааст. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар гуфт, патенти онҳое бекор шудааст, ки ин ниҳодро сари вақт дар бораи гирифтани иҷозатномаи кор огоҳ накардаанд.