ДОИШ - дар меҳвари сафари сарвазири Ҳинд ба Осиёи Марказӣ

Дар акс: Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон (нафари севум аз тарафи рост)

​Як мавзӯи асосии матрӯҳа дар ҷараёни силсиласафари Нарендра Моди ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия хатари терроризм, бавижа таҳдиди афзояндаи “Давлати исломӣ” хоҳад шуд.

Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди рӯзи якуми ҳафтаи оянда бо нахустин силсиласафари расмиаш роҳии кишварҳои Осиёи Марказӣва Русия мешавад. Боздиди сарвазири Ҳинд аз Русия ва ҳамаи 5 кишвари минтақа, бо шумули Тоҷикистон, аз 6 то 13 июл давом хоҳад кард.Интизор меравад, ки Нарендра Модӣ дар роҳ ба сӯи Русия аз Узбакистону Қазоқистон боздид карда, сафараш ба Туркманистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар роҳи бозгашт аз Русия анҷом бидиҳад.

Тоҷикистон нуқтаи ниҳоии ин силсиласафари тӯлонии сарвазири Ҳинд аст ва Нарендара Моди, тибқи барнома рӯзҳои 12-13 июл аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

Интизор меравад, зимни боздидаш аз Тоҷикистон, Нарендра Моди ба як бемористони низомӣ барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон биравад. Ин бемористони сеқабата, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҳинд сохта шудааст, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари рсмияш ба Ҳиндустон. Сентябри соли 2012

Ин бемористони низомӣ бо таҷҳизоти муосири сохти Ҳинд муҷаҳҳаз шудааст ва тибқи тавофуқ, 73 мутахассиси ҳиндӣ дар давоми ду соли оянда ба ҳамкасбони тоҷики худ тарзи кор кардан бо ин дастгоҳҳои тиббиро хоҳанд омӯзонд.

Матбуоти Ҳинд навишт, ки дар баробари баррасии масоили ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, Нодӣ бо сарони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла таҳдиди созмони тундрави "Давлати исломӣ"-ро матраҳ хоҳад кард. Нашрияи "Hindu" аз ҷумла навиштааст, Ҳинд кишварҳои Осиёи Марказиро шарики табиии худ дар мубориза бо террор медонад.

Рӯзномаи "The Тimes of India" низ навишт, ки масъалаи терроризм дар раъси рӯзномаи силсиласафари Моди ба Русия ҳамаи 5 кишвари, ба таъбири муаллифи ин матлаб, "истон"-ҳои Осиёи Марказӣ қарор хоҳад дод: "Таҳдиди афзояндаи терроризми ифротӣ дар шакле ки аз сӯи "Давлати исломӣ" бармеояд, аз тарафи ин кишварҳо, ки барои пайвастан ба “Давлати исломӣ” ба Сурияву Ироқ раҳсипор шудани ҳазорон шаҳрванди ҷавонашонро бо ташвиш назора мекунанд, ҳамчун таҳдиди воқеӣ арзёбӣ мешавад.2

Масъалаи дигари матраҳ дар ҷараёни ин сафар, ба ақидаи “The Тimes of India”, талоши ҳифз ва ҳатто тақвияти ҷои пои Ҳинд дар арсаи минтақаест, ки Деҳлии нав ҳамчун қаламрави нуфузи худ мешуморад ва акнун тарси инро дорад, ки дар рақобатҳои минтақавӣ бо қудратҳои дигар, аз ҷумла бо Русияву Чин, ин маҳдударо аз даст бидиҳад: "Ҳинд ҳамеша мӯътақид буд, ки ин қаламрав умқи стратегиаш аст, вале дар солҳои охир Осиёи Марказӣ бо Чин равобити хеле наздики тиҷоративу амниятӣ бино кардааст."

Аммо дар кишварҳои саршор аз манобеи энержии Осиёи Марказӣ – Туркманистону Қазоқистон – сарвазири Ҳинд ғолибан рӯи масоили ҳамкориҳо дар бахши нафту наз тамаркуз хоҳад кард. Аз ҷумла, дар Ишқобод дар музокироти ӯ бо мақомоти туркман тарҳи лӯлаи гази ТАРI дар меҳвар қарор хоҳад гирифт. Ин тарҳи пуриддао сохтани лӯлаи 1700-километрии газеро дар назар дорад, ки конҳои майдони гази Давлатобод дар ҷанубушарқи Туркманистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд бипайвандад. Қарордоди бунёди ин лӯла, ки мебоист солона то 30 миллиард метри мукааб гази табииро интиқол диҳад, ҳанӯз дар соли 2010 имзо шуда буд, вале идомаи нооромиҳо дар Афғонистон, афзоиши таҳдиди ифротгароёни исломӣ дар Покистон ва ҳам алоқа нишон надодани Исломобод ба кушодани роҳи гази Осиёи Марказӣ ба бозори кишвари рақибаш – Ҳинд – боис шуда, ки ин тарҳи пурсарусадо то ҳол дар рӯи коғаз бимонад.

Бо вуҷуди сатҳи начандон бузурги ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҳинд аз лиҳози сиёсӣ аз кишварҳои суннатан дӯсти Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале Душанбе мехоҳад, ҷанбаи иқтисодии дӯстиаш бо Деҳлии навро тақвият бахшад. Аз ҷумла бо истифода аз фурсатҳои муносибе, ки сафари сарвазир Моди ба Тоҷикистон фароҳам меорад.

Мирзошариф Ҷалолов

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар як сӯҳбати қаблиаш бо Озодӣ гуфт, зимни сафари сарвазири Ҳинд Нарендра Моди ба Тоҷикистон "ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҷалби таҷрибаву имконоти Ҳиндустон ба бахши кишоварзӣ ва энержӣ, инчунин, ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Мо "аз сафари мақомҳои баландпояи кишварҳо истиқбол мекунем, чун равобити мустаҳкам миёни раҳбарон метавонад, бисёр мушкилҳоро ҳал кунад."

Ҳинду Тоҷикистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ доранд. Бузургтарин тарҳи ҳамкории ду кишвар бозсозии фурудгоҳи низомии "Айнӣ", дар 10-километрии ғарби Душанбе бо 20 миллион долларкумаки молии Ҳинд аст. Баъди анҷоми бозсозии фурудгоҳ сарусадоҳое бархост, ки Ҳинд мехоҳад онро ба иҷора бигирад, вале мақомоти Душанбе инро рад мекунанд.

Тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистон марбут ба пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон буд. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дошт ва Ҳиндустон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳампаймони ин Эътилоф дар Фархор як бемористони низомӣ ҳам дошт, ки дар он сарбозони захмии Аҳмадшоҳи Масъудро муолиҷа мекарданд. Аҳмадшоҳи Масъуд баъд аз сӯиқасди соли 2001 низ маҳз ба ҳамин бемористони Фархор оварда шуд ва дар ҳаминҷо ҷон дод. Баъди суқути режими Толибон зарурати ҳифзи пойгоҳи Фархор аз байн рафт.

Қаблан сарвазири собиқи Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи низ бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид карда, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 23 соли раҳбариаш 5 дафъа ва бори охир дар соли 2012 ба Ҳиндустон сафар кардааст.