Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорат, 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “нақша ду рӯз пеш сад дар сад иҷро шуд”.
Дар Тоҷикистон соле ду давра – дар баҳор ва тирамоҳ – маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака олуда ба хабари “облава” ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон мебошад.
Баъзе аз волидон имсол шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷир ё донишҷӯйи худро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.
Аксарият далели фирор аз артишро ба шароити нохуб ва “дедовишина” пайванд медиҳанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябр дар бораи марги Ботир Эргашев, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии КДАМ, дар қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш дод. Намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ҳангоми супоридани ҷасади Ботир Эргашев ба волидонаш гуфтаанд, ӯ худкушӣ кард". Падараш, Баҳодур Эргашев, иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар гузорише гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".