Нақша "иҷро шуд", вале сарбозшикор идома дорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маъмурони милиса дар Кӯлоб талош кардаанд, ки як ҷавонро аз дохили бозори марказии шаҳр бо зӯр ба артиш баранд, аммо соҳибкорон монеъ шудаанд. Ҳодиса 8 апрел рӯй дод. Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, яке аз маъмурон мегӯяд, "шахсан барои бурданат омадаам. Бе даъватнома. Даъватномаро мон."