"2 нақб месозанд." Бозсозии як роҳи душворгузар, вале муҳими Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд.

Азим Иброҳим рӯзи 24-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе сабабҳоро чунин номбар кард: “Дар онҷо ду нақб сохта мешавад. Яке 1,8 километр, дигаре 3,4 километр. Панҷ галерея месозанд, 15 пул. Ин вақт мегирад. Метавонем, то охири имсол сохтмонро ба поён расонем, вале барои он ки сифати кор поин нашавад, шояд чанд моҳи дигари соли 2024 машғул шавем.”

Дарозии ин бахши роҳ байни Ванҷ ва Қалъаи Хумб 109 километр буда, бозсозии он дар моҳи июни соли 2022 сар шуда буд. Ин бахш аз қисматҳои душворгузари роҳ ба шумор меравад. Барои бозсозии он ҳукумати Чин зиёда аз 200 миллион доллар грант ҷудо кардааст.

Ронандагон ва мусофирон мегӯянд, таъмири роҳ барояшон душвориҳо овардааст, аммо ба беҳбуди он умед доранд. Худойназар Шукуруллобеков, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми гузаштан аз ин роҳ гоҳе соатҳо мунтазир мемондааст. Ӯ рӯзи 24-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад ин роҳ ҳарчи зудтар таъмиру бозсозӣ шавад.

“Вазъи роҳ дар муқоиса ба пешина нағз шудааст. Лекин дар ҷойҳое, ки роҳро таъмир мекунанд, ду соат зиёдтар банд мемонем. Таркиш мекунанд, санг меафтад дар роҳ, таъмир мекунанд, то булдозер тоза мекунад, хеле вақт мегузарад," – нақл кард ин мусоҳиби мо.

Ба корҳои асосии таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст. Молу маҳсулотро аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ меоранд.

Ҳар сол дар ин роҳ бар асари садама ё тасодуфи нақлиётӣ чандин ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби чунин садамаҳо низ харобии роҳ аст.

Аксари роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шудаанд, кӯҳнаву фарсуда ҳастанд ва барои таъмири онҳо миллионҳо доллар зарур аст. Тоҷикистон барои бунёду азнавсозии роҳҳо аз шарикони рушдаш миллионҳо доллар дарёфт мекунад, вале маълум нест то куҷо дуруст истифода мешаванд.