Намояндаи Трамп гуфт, ӯ қасди гузашт ба Русияро надорад

Кит Келлогг

Кит Келлогг, номзад ба мақоми фиристодаи Амрико дар масъалаи Украина ва Русия гуфт, Доналд Трамп қасди гузашт кардан ба Русияро надорад, баръакс аз Украина пуштибонӣ хоҳад кард.

Келллогг рӯзи 7-уми январ дар суҳбат ба шабакаи Fox News гуфт, "Трамп кӯшиш мекунад, ки Украина ва соҳибихтиёрии онро наҷот диҳад ва боварӣ ҳосил кунад, ки ин одилона аст. Ӯ инро борҳо таъкид кардааст.”

Келллогг илова кард, ки Трамп метавонад дар ояндаи наздик роҳи хотима додан ба ҷанг дар Украинаро пешниҳод кунад. Намояндаи вижа бар ин назар аст, ки муҳлати пешниҳоди нақша метавонад то 100 рӯз бошад.

Худи Доналд Трамп 7-уми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо Русия барои поён додан ба ҷанги Украина пас аз ворид шудани ӯ ба Кохи Сафед билофосила оғоз шавад.

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар корзори интихоботии худ гуфта буд, ки метавонад давоми 24 соат ба ҷанги Украина поин диҳад. Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе изҳори умед кард, ки ин ҷанг то шаш моҳи оянда поён ёбад.