Ҳамдуллоҳ Фитрат: Робитаи "Толибон" бо Тоҷикистон хуб мешавад

Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯйи ҳукумати "Толибон"

Як намояндаи ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, ин гурӯҳ дар пайи он аст, ки бо Тоҷикистон равобити хуб барқарор кунад.

Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯйи “Толибон”, бе овардани ҷузъиёт гуфтааст, рӯзҳои охир миёни ду ҷониб гуфтугӯҳо анҷом шуд.

Ба гузориши телевизиони "Тулуъ Нюс", муовини сухангӯйи "Толибон" гуфтааст, намояндагони ин гурӯҳ бо ҷониби Тоҷикистон дидор доштаанд. Ҳамдуллоҳ Фитрат мушаххас нагуфтааст, ки бо кӣ вохӯрданд.

Пештар Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати "Толибон" низ эълом карда буд, ки равобити Кобул ва Душанбе рӯ ба беҳбуд аст.

Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки ҳукумати "Толибон"-ро сахт танқид мекунад.

Ҳарчанд моҳи августи имсол расонаҳои Афғонистон аз сафари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон ва дидораш бо мақомҳои ҳукумати "Толибон" гузориш доданд, аммо Душанбе ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накард.