Намояндаи “Барқи тоҷик”: Нерӯи барқ қатъ шуд, ба мо занг назанед

Як намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” аз мардуми кишвар хостааст, дар ҳолати қатъ шудани нерӯи барқ дигар ба онҳо муроҷиат накунанд, балки ба шабакаҳои тақсимоти барқ занг зананд.

Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик”, дар Фейсбук навиштааст, қатъи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он, дигар кори ширкати онҳо нест. Аҳмадзода навиштааст, сарфи назар аз ин, мардум “ҳамоно шикоятҳояшонро ба суроғаи "Барқи тоҷик" равон мекунанд.”

Сухангӯи ин ширкат навиштааст, аҳолӣ ҳангоми қатъ шудани барқ бояд ба сомонаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ворид шуда, рақами заруриро барои тамос онҷо пайдо кунанд.

Мо ба рақами “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки дар сомонааш гузошта шудааст, занг задем ва дар бораи реҷаи интиқоли барқ пурсидем. Намояндагони ин ширкат ба суолҳои мо посухи дақиқ надоданд.

Бо фаро расидани сардӣ шикоятҳо аз қатъи барқ дар кишвар зиёд шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе ҳам мегӯянд, ки барқашон зуд-зуд қатъ мешавад. Аз ҷумла, шоми 19-уми декабр дар маркази шаҳри Душанбе барқ барои тақрибан як соат қатъ шуд.

Аз охири моҳи сентябр дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.