Намояндаи "Толибон": гап задани занонро манъ накардаем

Як намояндаги Вазорати амри маъруфи “Толибон” хабарҳо дар бораи манъи суҳбати занонро дар Афғонистон рад кардааст. Ин масъули ҳукумати "Толибон" ба хабаргузории AFP гуфтааст, гап задани занон бо ҳам дар Афғонистон манъ нашудааст ва хабари расонаҳо дар ин бора нодуруст мебошад.

Ахиран баъзе расонаҳо бо такя ба садои Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амри маъруфи “Толибон” навиштанд, дар Афғонистон шунидани садои як зан бар зани дигар манъ аст. Дурустии ин садоро хабаргузории AFP тасдиқ карда буд.

Сайфулислом Хайбар, намояндаи Вазорати амри маъруфи Толибон 9-уми ноябр ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ин суханҳо “бемантиқ” мебошанд.

Гуруҳи "Толибон" баъди бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, занону духтаронро аз таҳсил ва кор маҳрум карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва занон дар дохили Афғонистон, борҳо алайҳи ин маҳдудиятҳо эътироз кардаанд.