Нахуствазири Канада ба баргузории интихобот даъват кард

Марк Карни

Марк Карни

Дар Канада рӯзи 28 апрел интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи якшанбе нахуствазири нави ин кишвар Марк Карни хабар дод.

Ҳанӯз моҳи январ нахуствазири пешин Ҷастин Трюдо дар бораи зарурати барпо шудани интихобот бо сабаби ба истеъфо рафтани ӯ гуфта буд.

Карни рӯзи 10 март раиси нави ҳизби ҳокими Либералии Канада интихоб шуд ва дар натиҷа Трюдоро дар мақоми нахуствазирӣ иваз кард.

Карни, ки рӯзи якшанбе дар бораи зарурати интихобот сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ барои мақоми нахуствазирӣ мубориза мебарад, чунки дар шароити муқобила бо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ӯ ба “салоҳиятҳои қавӣ” эҳтиёҷ дорад.

Ӯ раҳбари Амрикоро дар талоши “хароб кардани Канада” ба хотири “ба даст овардани Амрико” муттаҳам кард. Карни рафтори мақомоти амрикоиро “ноодилона” ва “таҳдид ба истиқлолияти Канада” ва вазъи баамаломадаро “бӯҳрони ҷиддитарин ба зиндагии мо” номид.

Манзури ӯ ҷорӣ шудани тарруфаҳои гумрукии ИМА ба маҳсулоти Канада аст ва ҳам иддаоҳои Трамп дар бораи ин ки ин кишвар метавонад “аёлати 51-уми Амрико” шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ширкати Трюдо дар маросими ҷанозаи Оқохони 4Ҳушдори Трамп дар бораи ҷорӣ кардани боҷ ба молҳои ИА ва БритониёЭълони чораҳои ҷавобии Канада ва Мексика ба тасмими АмрикоИмзои даҳҳо қарору фармон. Трамп корро бо чӣ оғоз кард?