"Баъди занозанӣ..." Мусодираи шиносномаи 8 муҳоҷири туркман дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ

Бар асоси ду ҳуҷҷате, ки тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ дастрас кард, маъмурони амниятӣ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 5 ва 7-уми ноябр шиносномаи камаш ҳашт шаҳрванди Туркманистонро гирифтаанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафорати Туркманистон рӯзи 11-уми ноябр гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар надоранд. Дар ҳуҷҷатҳо танҳо ишора шудааст, ки шиносномаҳоро “барои тафтишу ташхис” бурданд.

"Ба гирифтани визаи Туркия омадаанд"

Мердан (ном иваз шудааст), муҳоҷири туркманистонӣ, теъдоди касонеро, ки шиносномаашон мусодира шудааст, “ба маротиб бештар” донист. Ӯ гуфт: “То ҷое хабар дорам, мақомоти амниятии Тоҷикистон шиносномаи 32 ё 34 шаҳрванди Туркманистонро мусодира кардаанд.”

Ба нақли ҳамин манбаъ, шаҳрвандони Туркманистон барои дарёфти визаи Туркия омада буданд, “чун дарёфти раводид дар Тоҷикистон нисбатан осонтар аст.”

“Мигрант Медиа” рӯзи 11-уми ноябр барои дарёфти иттилоъ дар бораи мусодираи шиносномаҳои шаҳрвандони Туркманистон ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сафорати Туркманистон муроҷиат кард. Дар ҳарду ниҳод гуфтанд, ки аз ҳодиса огоҳ нестанд.

Мердан мегӯяд, ин афрод баъди як занозанӣ дар клуби шабона дар Душанбе бо мушкилӣ дучор шудаанд. “Мигрант Медиа” тафсилоти занозаниро пайдо накард. Мердан гуфт: "Сафорати Туркия ба онҳо виза надодааст. Ин муҳоҷирон бегоҳӣ ба тарабхона рафта, арақ хӯрдаву байни ҳам ҷанҷол кардаанд. Дар натиҷа пулис онҳоро боздошт кард ва баъзе ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ошкор шудааст."

Навор дар Инстаграм:

Дар ҳоле шарҳи расмӣ ё тасдиқу инкори қазия нест, Мердан мегӯяд, баъзе аз шаҳрвандони Туркманистон барои дарёфти ҳарчи зудтари раводиди Туркия ва будубош дар Тоҷикистон баъзе аз санадҳоро бо роҳҳои тақаллубӣ ба даст овардаанд.

"Аввал санади ҳаққи иқомат дар дохили Тоҷикистон. Сониян, бархе барои дарёфти визаи Туркия санади тақаллубии табобатро пешниҳод кардаанд. Сафорат барои ҳамин ба онҳо виза надодааст," – афзуд ӯ.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, мақомоти Туркманистон барои бурдани ин шаҳрвандон аз Тоҷикистон нақлиёт фиристодааст.

Шаҳрвандони Туркманистон бо пардохти 95 доллар визаи Тоҷикистонро дарёфт ва дар ин кишвар раводиди Туркияро мегиранд. Туркманистон низ ба мисли Тоҷикистон муҳоҷири кории зиёд дорад. Туркманистониҳо асосан ба Туркия мераванд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ пештар хабар дода буд, ки ҳудуди 220 ҳазор туркманистонӣ дар Туркия муҳоҷир ҳастанд. Туркия дар баҳори соли 2024 нисбат ба тоҷикистониҳо ва дар тирамоҳи соли 2022 нисбат ба туркманистониҳо низоми раводид ё виза ҷорӣ кард.

Навор дар Фейсбук