Туркманистон дар ноҳияи Дӯстии Тоҷикистон, ки маҳалли иқомати туркманҳо аст, як мактаби миёна хоҳад сохт.
Расонаҳои давлатии Туркманистон рӯзи 8-уми сенятбр навиштанд, мактаб барои 540 хонанда пешбинӣ шуда, номи Махдумқулиро мегирад.
Ба иттилои нашрияи "Туркманистон", Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохтмони ин кишвар барои бунёди мактаб озмуни байнулмилалӣ эълон мекунанд. Маърака то 21-уми октябри имсол идома хоҳад кард.
Ҷомеаи туркманҳо дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон забону фарҳанги худро ҳифз кардаанд.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, шумораи туркманҳо дар минтақа аз 10 ҳазор нафар бештар аст.
Гуфтугӯ