Тақрибан 30 сокини шаҳри Исфара ва Истаравшани вилояти Суғд, ки пештар бо гумони узвият дар ҷунбиши "Бародарони Мусалмон" ("Ихвон-ул-муслимин") ва ё ҳамкорӣ бо он дастгир шуда буданд, раҳо гардидаанд. Онҳо мегӯянд, аз 10 то 20 рӯз дар боздоштгоҳ буданд.
Мақомот ҳанӯз дастгир ва раҳо кардани ҳудуди 30 нафарро шарҳ надодаанд. Маълум нест, онҳо шомили 113 нафаре ҳастанд, ки додситони кулли Тоҷикистон боздошташонро тасдиқ кард ва ё берун аз он.
Яке аз раҳошудаҳо аз шаҳри Истаравшан, ки ному насабаш ба Радиои Озодӣ маълум аст, вале ба далоили амниятӣ нашр намешавад, гуфт, ӯ ва ҷавонони дигаррро барои дӯстӣ бо тоҷири маҳаллӣ Абдусамад Латипов дастгиру бозпурсӣ кардаанд.
Бар асоси иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Абдусамад Латипов, сокини 35-солаи маҳаллаи Ясии ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, пас аз бозгашт аз Дубай моҳи январи имсол боздошт шудааст.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буда, се соли ахир ба тиҷорат машғул будааст. Наздиконаш мегӯянд, то се сол пеш имомхатиби масҷиди маҳалла буд, вале барканор карданд.
Мақомот Абдусамад Латиповро ба узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам кардаанд. Пайвандонаш инро беасос медонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шумораи боздоштшудаҳо дар парвандаи "ихвониҳо" 113 тан эълон шуд. ВИДЕО, САДОСокини аз боздошт раҳошудаи шаҳри Истаравшан нақл кард, ки кормандони идораи амният дар ин шаҳр ӯро аввали моҳи январ боздошт карданд:
"Мо бо Абдусамад дӯст будем ва телефонӣ суҳбат мекардем. Ба ман гуфтанд, Абдусамад шоҳидӣ додааст, ки гӯиё ихвонӣ ҳастам ва дар маҳфилҳои ташкилкардаи ӯ иштирок мекунам. Чанд рӯз дар Истаравшан маҳкам будам. Ба Хуҷанд бурданд. Дар онҷо муфаттишон чаҳор рӯзи дигар пурсиданд. Гуфтам, ки намедонам ихвониҳо кӣ ҳастанд. Абдусамад мулло буд ва мо аз қафояш намоз мехондем. Ба мо чизе нагуфта буд. Баъд ҷавоб доданд."
Ин ҷавон гуфт, аксари афроде, ки боздошт ва баъдан раҳо шуданд, онҳое будаанд, ки бо Абдусамад Латипов робита доштанд. Худи Абдусамад Латипов ҳанӯз дар боздошт аст.
Як сокини Исфара, ки пас аз 12 рӯзи боздошт раҳо шудааст (ному насабаш ба Радиои Озодӣ маълум аст), ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро барои дӯстӣ ва тамос бо Фирдавс Раҳимзода, мудири амволи давлатии ҳукумати шаҳри Исфара боздошт карданд.
Фирдавс Раҳимзода аввали моҳи январ боздошт шуд ва, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, ба дунболи ӯ беш аз даҳ нафари дигар мавриди бозҷӯии мақомот қарор гирифт.
"Аз мо ба такрор дар бораи "Ихвон-ул-муслимин" мепурсиданд. Дар аввал мегуфтанд, ки гӯиё Фирдавс барои узви созмон будан ба мо пул додааст. Мо гуфтем, номи чунин созмонро бори аввал мешунавем. Фирдавс дар ҳукумат фаъолият дошт ва мо корафтода шуда будем ва ҳамон ҷо шинос шуда, гоҳ-гоҳ занг мезадем," -- гуфт ӯ.
Пас аз ним моҳи овозаҳо ва хабарҳои ғайрирасмӣ дар бораи боздошти шумораи зиёди сокинон бо иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" додситони кули Тоҷикистон 28-уми январ тасдиқ кард, ки 113 нафар дар боздошт қарор доранд.
Юсуф Раҳмон ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, 20 нафар аз боздоштшудаҳо кормандони мактабҳои олӣ ва як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Исфара ҳастанд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин афрод парванда боз шуда, таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.
Видео аз нишасти додситонии кул:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нишон надодани боздоштшудаҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст. Коршиносоне, ки ҷараёни қазияро пайгирӣ доранд, гуфтанд, пӯшида будани ҷараёни тафтишот ва муҳокимаҳо фарзияҳои гуногунро халқ мекунад ва беҳтар мақомот далелҳо ошкор бигӯянд.